Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси чопи навиштаҳои мақомот дар расонаҳои Тоҷикистон


Қироншоҳ Шарифзода.
Қироншоҳ Шарифзода.

Қироншоҳ Шарифзода, мунаққиди расонаҳо, гуфт, муҳаррирон бояд маводеро, ки мақомот барои нашр мефиристанд, таҳрир ва ибораҳои айбдоркунанда ва таҳқиркунандаро ислоҳ намоянд. Ин матлабро Шарифзода рӯзи 29-уми ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Васоити Ахбори Омма баён дошт.

"Маводе, ки ба истилоҳи шумо, аз "боло" - аз мақомоти дигар барои нашр ирсол мешавад, бояд таҳрир шавад. Вагарна кори муҳаррирон куҷо мешавад? Дар маводе, ки аз "боло" меояд, эҳтимоли бегуноҳӣ риоя намегардад. Муҳаррир бояд ибораву мафҳумҳои айбдоркунандаро гирад. Гумон намекунам, ин кор мақомотро норозӣ кунад", - афзуд Қироншоҳ Шарифзода.

Дар ҷаласаи Шӯрои ВАО - як созмони ҷамъиятии танзимкунандаи фаъолияти расонаҳо – ки рӯзи 29-уми ноябр дар Душанбе бо ҳузури иддае аз рӯзноманигорон баргузор шуд, риоя гардидани меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон аз сӯи расонаҳо баррасӣ гардид.

Шарифзода гуфт, Шӯрои ВАО дар шаш моҳи охир 250 ҳолати вайрон кардани меъёрҳои ахлоқиро аз сӯи расонаҳои Тоҷикистон сабт кардааст. Яке аз меъёрҳое, ки риоя нагардидааст, усули эҳтимоли бегуноҳӣ аст.

Ишораи Шарифзода ҳам ба ин буд, ки дар бештари маврид расонаҳо маводи аз сӯи мақомот ирсолшударо бе таҳрир нашр ва ба ин тартиб, бе қарори додгоҳ шахсиятҳои алоҳидаро дар содир кардани айбҳои гуногун муттаҳам мекунанд.

Қарор аст, дар ҷаласаи имрӯзии Шӯрои ВАО раиси нав ва аъзои нави Раёсати Шӯро интихоб гардад.

Шӯрои ВАО дар соли 2009 бо ҳадафи танзими ахлоқии расонаҳои Тоҷикистон таъсис шуд.

XS
SM
MD
LG