Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон роҳбарон барои фасодкории зердастон барканор мешаванд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон тағйиру иловаҳоро ба қонун дар бораи хизмати давлатӣ ва муқобила бо фасодкориро имзо кард.

Ин тағйирот масъулияти фардии роҳбарону мансабдорон, аз ҷумла вазирон, раисони вилояту ноҳияҳоро дар баробари фасодкории зердастон пешбинӣ мекунанд.

Олжас Бектенов, муовини аввали раиси Хадамоти зидди фасодкорӣ гуфт, ҳамакнун ҳамаи "ходимони сиёсии давлат" дар сурати фасодкорӣ кардани зердастонашон вазифадор мешаванд, ки давоми даҳ рӯз аризаи аз кор рафтанашонро нависанд.

Президенти Қазоқистон баҳори соли ҷорӣ пешниҳод карда буд, ки роҳбарони ба далели фасодкории зердастон аз мақом барканор шаванд.

Ба иттилои мақомот дар Қазоқистон дар соли 2018 ҳудуди 1778 ҷинояти марбут ба фасод содир ва 1096 шаҳрванд ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст. Аз ин шумор 20 тан мансабдорони сатҳи ҷумҳурӣ, 83 тан сатҳи вилоятӣ ва 134 тан сатҳи шаҳру ноҳия будаанд.

Созмонҳои байналхалқӣ Қазоқистонро дар миёни кишварҳои дорои сатҳи баланди фасодкорӣ ҷо медиҳанд.

XS
SM
MD
LG