Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 22 нафар дар таркишҳо дар шимоли Афғонистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар 24 соати охир дар ду ҳодисаи гуногун дар шимоли Афғонистон, наздик ба 22 нафар, аз ҷумла 15 шаҳрванди мулкӣ кушта шуданд.

Дар вилояти Кундуз рӯзи 27-уми ноябр 15 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдак кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд, вақте ки мошини онҳо ба минаи канори роҳ бархӯрд.

Ба гуфтаи ҳокими вилоят Абдуҷаббор Наимӣ, қурбоншудагон барои иштирок дар тӯйи арӯсӣ ба ноҳияи Хон Обод мерафтанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, минаро Толибон гузоштаанд, вале шарҳи дигаре надодаанд.

Ин минтақа ҳамеша саҳнаи бархӯрдҳо миёни ҷангҷӯёни Толибон ва нерӯҳои афғон мебошад.

Ду намояндаи маҷлиси маҳаллӣ Муҳаммад Аъзам Афзалӣ ва Яъқуб Назарӣ рӯзи 28-уми ноябр гуфтанд, ҳангоми ҳамлаи мусаллаҳона ба ду пойгоҳи низомӣ дар вилояти Тахор на камтар аз 7 корманди амниятӣ кушта, 10 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG