Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп қонуни ҳифзи ҳуқуқи инсон ва демократия дар Ҳонконгро имзо кард


Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи панҷшанбе лоиҳаи қонунеро имзо кард, ки нисбати афроди расмии Чину Ҳонгконг таҳрим пешбинӣ мекунанд. Бар асоси қонуни имзошуда, масъулоне таҳрим хоҳанд шуд, ки ҳуқуқи инсонро дар Ҳонконг поймол ва ё эътирозҳоро дар ин минтақа маҳдуд кардаанд.

Ба ҷуз аз ҷорӣ кардани таҳримҳо, Департаменти давлатии ИМА вазифадор мешавад, ки ҳамасола сатҳи худмухтории Ҳонгконгро баҳогузорӣ кунад. Қонуни дигаре, ки дар ИМА имзо шуд, интиқоли лавозимот ва дастгоҳҳои пулисро ба Ҳонгконг манъ мекунад.

Дар Кохи Сафед гуфтанд, Трамп ин қонунҳоро "бо умеде имзо кард, ки роҳбарони Чину Ҳонгконг нофаҳмиҳоро бо роҳи осоишта ҳал мекунанд ва ба сулҳу салоҳ мерасанд". Вазорати корҳои хориҷии Чин дар посух гуфт, қонунҳои қабулшуда "дахолати ҷиддӣ ба умури дохилии Ҳонгконгу Чин буда, меъёрҳои асосии муносибатҳои байналхалқиро вайрон мекунанд".

Ин қонунҳо ҳафтаи гузашта аз сӯи порлумони ИМА қабул шуданд. Ҳадаф аз қабули онҳо ба намоиш гузоштани ҳамраъйӣ бо ширкатдорони эътирозҳои Ҳонгконг унвон шудааст. То охирин лаҳзаҳо дақиқ набуд, ки оё Трамп қонунҳои мазкурро имзо хоҳад кард ё на. Эҳтимол мерафт, ки ин иқдом боиси харобии равобити тиҷории Вашингтон бо Пекин гардад.

XS
SM
MD
LG