Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ду паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар Ҳонконг


Варзишгарони тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов ва Хуршед Маҷидов дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 30-юми ноябр ва 1-уми декабр дар Ҳонгконг баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштироки 188 варзишгар (112 мард ва 76 зан) аз 32 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар Ҷоми бози Осиё дар Ҳонконг ду гуштигири ҷавон - Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни то 100 кило - намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 30-юми ноябр - мардон дар се вазн (то 60, то 66 ва то 73 кг) ва занон дар чор вазн (то 48, то 52, то 57 ва то 63 кг) вориди рақобат мешаванд. Дар рӯзи дувуми мусобиқа – 1-уми декабр – мардон дар чор вазн (то 81, то 90, то 100 ва беш аз 100 кг) ва занон дар се вазн (то 70, то 78 ва беш аз 78 кг) рақобат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо дар Ҳонгконг Тоҷикистонро ду гуштигир - Сомон Маҳмадбеков ва Хайёмиддин Ҷабборов - намояндагӣ карда буданд. Ҳар ду дар вазни зери 73 кило рақобат намуда, ду медал ба даст оварданд.

Сомон, ки даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Чин, Филиппин ва Муғулистон ба финал роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Даичи Танакаи ҷопониро шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.

Хайёмиддин бошад, баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Индонезия, Ҳонгконг ва Муғулистон ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз Даичи Танака (Ҷопон) шикаст хӯрд. Хайёмиддин дар рақобат барои медали биринҷӣ бар Кеисеи Накано (Филиппин) ғолиб шуд.

XS
SM
MD
LG