Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилазадаҳои Албания шаби дуюмро дар хаймаҳо сипарӣ карданд


Дар Албания садҳо хонавода шаби дуюмро дар хаймаҳо ва мошинҳо сипарӣ намуданд. Заминларзаи 26-уми ноябр, ки дар 30-километрии шимолу ғарби пойтахти Албания, шаҳри Тирана ба вуқӯъ пайваст, камаш 31 нафарро куштаву 650 нафари дигарро маҷрӯҳ намудааст.

Рӯзи 27-уми ноябр гурӯҳҳои наҷоти беш аз 10 кишвар ба амалиёти наҷоти мардум аз вайронаҳои биноҳо шурӯъ карданд. Аксари қурбониҳо сокинони шаҳри бандарии Дурез ва шаҳраки Туман мебошанд.

Бисёре аз сокинон аз бозгашт ба хонаҳояшон хавф доранд. Баъди заминларзаи маргбори сешанбе, боз чандин зилзилаи дигар ҳам ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG