Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби аз 7 то 17 соли зиндон барои чанд мансабдори пешини қирғиз


Додситонҳои қирғиз аз додгоҳ талаб кардаанд, ки як идда мансабдорони собиқ бо ҷурми фасод ба муддатҳои аз 7 ним то 17 сол зиндонӣ шаванд.

Рӯзи 27-уми уми ноябр додситонҳо аз Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек тақозо карданд ки сарвазири собиқи ин кишвар Сафар Исоқов ба муддати 15 сол ва Ҷанторо Сатиболдиев, ки аз наздикони собиқ президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев ба ҳисоб меравад, ба муддтаи 11 солу 3 моҳ аз озодӣ маҳрум гардад.

Ҳамин гуна додситонҳо ҳабси тӯлонии собиқ раиси ширкати энержь, собиқ вазири молия ва чандин мансабдори дигарро талаб карданд. Додситонӣ онҳоро бо ришваситонӣ дар соли 2013 ҳангоми бозсозии пойгоҳи барқ ва гармидиҳии шаҳри Бишкек айбдор мешуморад.

XS
SM
MD
LG