Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ба итиҳоми терроризм


Додгоҳе дар Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд, барои ду моҳ ба боздоштгоҳ фиристод. Онҳо то 20-уми январи соли оянда дар боздошт нигоҳ дошта мешаванд.

Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 26-уми ноябр бо такя дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Тагански Маскав хабар дод, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон муттаҳам ба тамос барои фаъолиятҳои террористӣ бо истифода аз интернет мебошанд. Қарори додгоҳи Таганск дар мавриди Нозим Азимов ва Уктамҷон Раҷабматов ҳанӯз рӯзи 22-юми ноябр содир шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, алайҳи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон тибқи моддаи 205-и Кодекси ҷиноятии Русия, яъне "даъвати умумӣ барои фаъолиятҳои террористӣ ё таблиғи терроризм бо истифода аз интернет", парванда боз шудааст.

Ҳанӯз назари ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба ин боздошт маълум нест ва низ иттилое нашр нашудааст, ки онҳо таҳти кадом шароит боздошт шудаанд. Ин низ маълум нест, ки оё онҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои худ вакили дифоъ гирифтаанд ё на.

Дар гузашта низ шаҳрвандони чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба чунин иттиҳом боздошт шуда буданд, аммо баъдан бегуноҳии онҳо собит шуд ва раҳо гаштанд.

XS
SM
MD
LG