Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли "озори ҷинсии кӯдакон" дар Афғонистон. Ду ҳомии ҳуқуқ пас аз мавҷи интиқодҳо раҳо шуданд


Яке аз мактабҳои вилояти Лугар. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз мактабҳои вилояти Лугар. Акс аз бойгонӣ.

Раёсати амнияти миллии Афғонистон ду ҳомии ҳуқуқи башар дар ин кишварро, ки роҷеъ ба сӯи сӯистифодаи ҷинсии кӯдакон дар мактабҳои вилояти Лугар гузориш таҳия намуда буданд, пас аз як ҳафтаи боздошт, раҳо кард. Раёсати амнияти миллии Афғонистон дар пайи боздошти Мусо Маҳмудӣ ва Эҳсонуллоҳ Ҳамидӣ мавриди интиқоди шадиди мақомоти давлатӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, қарор гирифт.

Ин ниҳод рӯзи 27-уми ноябр гуфт, ин ду ҳомии ҳуқуқ ба Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон таслим карда шуданд. Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон гуфтааст, Мусо Маҳмудӣ ва Эҳсонуллоҳ Ҳамидӣ дар ҳоли интиқол ба дафтари ин ниҳод дар Кобул мебошанд, аммо то ба ҳол нарасидаанд.

Рӯзномаи бритониёии The Guardian авоили моҳи ҷорӣ гузориш дод, ки 546 писар дар шаш мактаби вилояти Лугар аз сӯи муаллимон ва мақомоти маҳаллӣ мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Нашри ин гузориш вокунишҳои густурдае дар миёни мақомот, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва вакилони порлумони он кишвар дар пай дошт.

Пас аз нашри ин гузориш, Раёсати амнияти миллии Афғонистон Мусо Маҳмудӣ ва Эҳсонуллоҳ Ҳамидиро боздошт кард. Ин идора дар эъломияе, ки рӯзи сешанбе 26-уми ноябр нашр кард, навишт, ки гузориши таҳқиқии оқои Маҳмудӣ дар бораи сӯистифодаи ҷинсӣ аз шуморе аз шогирдони мактабҳои Лугар, боиси барҳам хӯрдани назми умумӣ ва ба хатар афтодани амнияти чандин нафар шудааст.

Амнияти миллии Афғонистон ҳамроҳ бо ин эъломия видеоиро ҳамчун эътирофи Мусо Маҳмудӣ ба расонаҳо фиристод. Дар эъломия гуфта мешуд, ки Маҳмудӣ гузоришро бидуни санад, ба таври ғайрикасбӣ ва барои эҷоди моҷаро ва тарҳи дархости паноҳандагӣ, таҳия карда будааст. Мусо Маҳмудӣ дар гузориши худ иддао карда буд, ки дар зарфи шаш моҳ беш аз 500 кӯдак асосан дар мактабҳои Лугар, ҳадафи суистифодаи ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Оқои Маҳмудӣ дар видеое, ки Раёсати амнияти миллии Афғонистон пахш карда буд, мегуфт, "ин таҳқиқ нодуруст" мебошад ва ӯ аз "ҳукумат ва мардум", узрхоҳӣ мекунад.

Дар пайи нашри ин гузориш, раиси ҷумҳури Афғонистон дастур дод, ки иддаоҳо дар бораи озори ҷинсии кӯдакон дар мактабҳои вилояти Лугар, таҳқиқ шавад. Ашраф Ғанӣ рӯзи 26-уми ноябр дар "Твиттер"-и худ навишт, ки аз гузориши ахир дар бораи озори ҷинсӣ дар мактабҳои вилояти Лугар нороҳат шудааст ва мақомоти вазорати маорифи он кишвар хостааст, ки ҳар чӣ зудтар дар ин робита гузорише таҳия намуда, ба ӯ ирсол доранд.

Ӯ ҳамчунин аз боздошти Мусо Маҳмудӣ ва Эҳсонуллоҳ Ҳамидӣ аз сӯи мақомоти амниятӣ, интиқод намуд. Ашраф Ғанӣ дар паёми твиттерии худ аз Раёсати амнияти миллии кишвараш хоста буд, ки таҳқиқ дар ин мавридро мутаваққиф кунад. "Вазифаи аслии нерӯҳои амниятӣ, муҳофизат аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аст",-навишт оқои Ғанӣ дар "Твиттер".

Созмони мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон низ аз боздошти ин ду фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронӣ карда, онро "нақзи ошкор"-и қонунҳои он кишвар хонда буд.

Созмони Афви Байналмилал, қароргоҳаш дар Лондон, ҳам дар пай гуфт, ки Раёсати амнияти миллӣ ва вазорати дохилии Афғонистон ба номаҳои расмии онҳо дар ин маврид посух надодаанд. Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон низ хостори раҳоии ин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз боздоштгоҳи Раёсати амнияти миллии он кишвар шуда буд.

Ҷон Басс, сафири Амрико дар Афғонистон дар Твиттер"-и худ навишт, "аз ин шеваи эътирофгирӣ ба сабки Шӯравии пешин ба таври амиқ нороҳат шудам. Гирифтани эътироф ба таври маҷбурӣ аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳадафашон ҳимоят аз кӯдакони афғон аст, тарснок мебошад".

Ҳукумати Афғонистон аз чанд сол ба ин тараф талош дорад, то озори ҷинсӣ ё "бачабозӣ"-ро, ки дар таърихи ин кишвар таърихи тӯлоние дорад, аз байн барад. Писарони наврас мисли духтар либос пӯшида, барои соҳибони мардашон рақс мекунанд. Бархеи онҳо ба ғуломони ҷинсии мардони сарватманд ва пурнуфуз, табдил меёбанд.

Анъанаи бачабозӣ баъди фурӯпошии ҳукумати Толибон аз нав авҷ гирифтааст. Толибон бачабозиро ҳамчун амали ғайриисломӣ манъ карда буданд. Бачабозӣ ҳозир ҳам дар Афғонистон манъ мебошад, вале таваҷҷӯҳ ба бачабозӣ аз деҳот то шаҳрҳои бузург тавсеа ёфтааст.

Коршиносон мегӯянд, эҳтимол то замоне ки камбизоатӣ коҳиш наёбад ва ҳокимияти қонун побарҷо набошад, бачабозӣ дар Афғонистон аз байн нахоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG