Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як оҷонси шуғл дар Узбекистон бештар аз 200 корҷӯро фиреб дод


Дар шаҳри Навоии Узбекистон як оҷонси хусусии шуғл бештар аз 66 ҳазор доллари 211 корҷӯро аз худ кардааст.

Ба иттилои вазорати меҳнати Узбекистон, корҷӯён барои пайдо кардани кор дар Кореяи Ҷанубӣ ба оҷонси мазкур муроҷиат кардаанд. Масъулони оҷонс ба узбекистониҳо шуғле бо даромади 2 ҳазор доллари ИМА дар моҳ ваъда карда, аз 211 корҷӯ бештар аз 300 долларӣ ҷамъ оварда, аммо касеро ба кор нафиристодаанд.

Дар ҳоли ҳозир вазорати меҳнати Узбекистон иҷозатномаи фаъолияти оҷонси хусусии шуғли "Навоӣ хусусӣ бандлик агентлигӣ"-ро бекор кардааст.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки аз 65 оҷонси хусусии шуғл 30 оҷонс натавонистаанд, шаҳрвандонро ба хориҷ барои кор фиристанд.

XS
SM
MD
LG