Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 23 нафар дар зилзилаи Албания


Дар натиҷаи заминларза дар Албания 23 одам ҷон бохтанд. Хабаргузории AFP бо истинод ба Вазорати дифои ин кишвар иттилоъ дод, ки садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Заминларзаи 6,4-балӣ тақрибан дар 30-километрии шаҳри Тирана, пойтахти Албания рух додааст. Аз ҳама бештар Тирана ва шаҳри Дуррес осеб дидаанд. Дар ҳоли ҳозир корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Албания, дасти кам 600 сокини ин кишвар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои Радиои Озодӣ, 9 нафар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд.

Маркази зилзилашиносии Аврупо-Миёназамин (EMSC) дар Босния ва Ҳертсеговина низ заминларзаи 5,4- балиро ба қайд гирифтааст.

XS
SM
MD
LG