Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости озодии пеш аз муҳлати рӯзноманигори қазоқ рад шуд


Фаъоли қазоқ Жанболат Мамайи 31-сола, ки тайи ду соли ахир шартан аз озодӣ маҳрум аст ва қасди таъсиси ҳизби сиёсиро дар Қазоқистон дорад, дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" гуфт, додгоҳ дархости озодии пеш аз муҳлати ӯро рад кард.

"Ба эҳтимоли зиёд мақомот мехоҳанд, ки ман таҳти назорат бимонам ва аз ҳудуди шаҳри Алмато берун рафта натавонам. Ба назари ман, ин қарор сирф сиёсӣ аст ва барои радди дархости ман дигар баҳонае нест",-изҳор дошт Мамай пас аз берун шудан аз толори додгоҳ рӯзи 26 ноябр.

Мамай ки дар соли 2017 озодияш аз сӯи додгоҳ маҳдуд шуда буд, пештар гуфт, баъди эъломи таъсиси ҳизб мақомот аз вай талаб кардаанд, ки моҳе то панҷ маротиба барои аз қайд гузаштан ҳозир шавад. Ин дар ҳолест, ки вай пештар аз ин моҳе ҳамагӣ як маротиба аз қайд мегузашт. Мамай инро ба фаъолиятҳои шаҳрвандиаш рабт медиҳад.

Додгоҳ ҳамчунин Жанболат Мамай, сармуҳаррири пешини рӯзномаи "Саясӣ қалам. Трибуна"-ро аз ҳаққи фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ маҳрум кардааст. Мамайи 31-сола моҳи сентябри соли 2017 бо айби пулшӯӣ се сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд.

XS
SM
MD
LG