Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти гурҷӣ бо истифода аз нерӯ роҳ ба порлумонро боз карданд


Нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилии Гурҷистон субҳи имрӯз эътирозгаронеро пароканда карданд, ки дар назди бинои порлумон дар шаҳри Тифлис бо талаби баргузории интихобот бар асоси рӯйхати ҳизбӣ ҷамъ шуда буданд.

Эътирозгарон бо даъвати раҳбарони мухолифон мехостанд, аз баргузории ҷаласаи ҳизби ҳокими миллиардер Бидзина Иванишвилӣ - "Орзуи гурҷӣ" дар порлумон пешгирӣ кунанд.

Пулис барои боз кардани роҳи вуруд ба порлумон аз мошинҳои обпош истифода кард. Мухолифон гуфтанд, ки тазоҳуротро идома хоҳанд дод.

Маъмурони пулис ҳангоми пароканда кардани тазоҳурот чандин раҳбари мухолифон, аз ҷумла ҷонибдори президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилиро дастгир карданд. Дертар ҳамаи боздоштшудаҳо озод шуданд.

Ҷиноҳи аксарияти порлумони Гурҷистон 14-уми ноябр зидди баргузории интихоботи нави порлумонӣ бар асоси рӯйхати ҳизбӣ раъй дод. Мухолифон дар посух гуфтанд, ки даст ба тазоҳурот мезананд. Порлумони Гурҷистон 18-уми ноябр дар пайи эътирози мухолифон натавонист кори худро идома диҳад. Пулис эътирозгаронро бо истифода аз мошинҳои обпош ва гази ашковар пароканда кард.

Пештар дабири кулли ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" Кахи Каладзе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҷиноҳи аксарияти порлумони ин кишвар низоми интихоботиро бозбинӣ карданӣ нест. Ӯ аз мухолифон даъват кард, ки ба интихоботи порлумонии 31-уми октябри соли 2020 омода шаванд.

XS
SM
MD
LG