Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани бастаи санадҳои махфии Чин дар бораи ӯйғурҳо


Рӯзи 24-уми ноябр як бастаи санадҳои махфӣ нашр шуд, ки дар он назорати зиндагии се миллион ақаллияти вилояти ғарбии Шинҷон дар боздоштгоҳҳо ошкор шудааст. Консорсиуми байналмилалии хабарнигорони таҳқиқотгар асноди пинҳонии ҳукумати Чин дар мавриди боздоштгоҳҳоро нашр намудааст.

Хабарнигорон ошкор намудаанд ки Чин як низоми хоси назорати ин минтақаи мусулмоннишинро таҳия намудааст. Ин санад ё худ дастурамал соли 2017 аз тарафи раиси амнияти Шинҷон тасвиб шуда, ба таври қотеъ назорат аз ороиши муйи сар то кушодаву баста шудани дари боздоштгоҳҳоро мадди назар дорад.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки барои ба ҷомеаи Чин мутобиқ намудани уйғурҳо ва дигар ақаллиятҳои қавмӣ, шиканҷа ҳам истифода шудааст. Пекин ин сиёсаташро бо он асоснок мекунад, ки мехоҳад мусулмононро аз экстремизм дур кунад.

XS
SM
MD
LG