Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон аз Эрон чаҳор гол хӯрд


Рақобат зери барф сурат гирифт.
Рақобат зери барф сурат гирифт.

Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занонаи то 23-сола, ки 22-юми ноябр дар шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор шуруъ шуд, то 28-уми ноябр идома хоҳад кард.

Дар ин мусобиқаи минтақавӣ шаш дастаи мунтахаби занонаи олимпӣ аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Дастаи мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро 22-юми ноябр муқобили тими Эрон баргузор кард. Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо пирӯзии эрониҳо бо ҳисоби 4:0 ба поён расид.

Дар бозии дигари даври аввал мунтахаби Узбекистон ба дарвозаи мунтахаби Қирғизистон шаш голи беҷавоб зад. Мунтахаби Афғонистон дастаи Туркманистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир
мегардад ва дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23)

Даври 1-ум

Эрон – Тоҷикистон – 4:0

Голҳо: Фотима Гераелӣ, 31 (1:0). Фотима Қосимӣ, 37 (2:0). Ҳаҷар Даббағӣ, 71 – аз пеналтӣ (3:0). Фотима Гераелӣ, 79 (4:0).

Сардовар: Кристина Борисова (Узбекистон).

22-юми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 112 тамошобин.

Афғонистон – Туркманистон – 2:1

Голҳо: Фотима Ҳайдарӣ, 39 (1:0). Фаҳима Тобиш, 63 (2:0). Лайло Хаипова, 65 (2:1).

Сардовар: Малика Қодирова (Қирғизистон).

22-юми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 87 тамошобин.

Узбекистон – Қиризистон – 6:0

Голҳо: Нилуфар Қудратова, 61 (1:0). Ирина Дорофеева, 66 – ба дарвозаи худ (2:0). Умеда Зоирова, 79 (3:0). Умеда Зоирова, 82 (4:0). Нилуфар Қудратова, 84 (5:0). Малика Бурҳонова, 90+2 (6:0).

Сардовар: Асов Ҷаваҳарӣ (Эрон).

22-юми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 40 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

1

1

0

0

6-0

3

2

Эрон

1

1

0

0

4-0

3

3

Афғонистон

1

1

0

0

2-1

3

4

Туркманистон

1

0

0

1

1-2

0

5

Тоҷикистон

1

0

0

1

0-4

0

6

Қирғизистон

1

0

0

1

0-6

0

Даври 2-юм

23-юми ноябр (шанбе)

14:00. Эрон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Узбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Тоҷикистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даври 3-юм

25-уми ноябр (душанбе)

14:00. Тоҷикистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Қирғизистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Туркманистон – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

Даври 4-ум

26-уми ноябр (сешанбе)

14:00. Узбекистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Афғонистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе
17:00. Туркманистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

Даври 5-ум

28-уми ноябр (панҷшанбе)

14:00. Тоҷикистон – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Қирғизистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе
17:00. Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

XS
SM
MD
LG