Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Федерика Могерини аз рафтори Сурияву Русия


Сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамлаҳои ахири ҳукумати Сурия ва нерӯҳои Русия ба ғайринизомиён дар он кишварро танқид кард ва онҳоро ғайриқобили қабул номид. Дар баёнияи расмии Федерика Могеринӣ аз рӯзи 22-уми ноябр омадааст: «Ҳамлаҳои чанде пеш ба урдӯгоҳи беҷошудагони дохилӣ ва маркази тиббии ҳаётан муҳим дар марзи Туркия дигарбора шиддат бахшидан ба авзоъ ва боиси маҳкумият аст.”

Дар ин баёния ӯ аз Сурияву Русия хостааст, ки ба ин ҳамлаҳо хотима диҳанд:”Ҳамлаҳои яксара ба зербунёдҳои муҳим, ба шумули муассисаҳои тиббӣ ва маориф аз тарафи режими Сурия ва мутаҳҳидонаш ғайриқобили қабул аст ва бояд фавран поён ёбад. “ Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад мегӯяд, рӯзи 20-уми ноябр дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Сурия ва Русия дар вилояти Идлиб 21 нафар аз ҷумла 10 кӯдак кушта шудаанд.

Дар баёнияи Федерика Могерини омадааст, “Иттиҳоди Аврупо ба тамоми тарафҳои ҷанг дар Сурия гӯшзад мекунад, ҳамаи онҳо вазифадоранд, қонунҳои байналмилалии башарӣ ва ҳуқуқи инсонро эҳтиром бигузоранд ва риоят кунанд. Ҳамзамон вазифадоранд, дастрасии бемамониат ба мардуми мӯҳтоҷро фароҳам созанд.” Амрико рӯзи 9-уми ноябр ҳамлаҳои ҳавоии ҳукумати Сурия ба шимолуғарби кишварро маҳкум кард ва гуфт, ки дар инҷо ғайринизомиёнро ҳадаф гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG