Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Ҳукумати Эрон бо қатъи интернет дар пайи пинҳон кардани "қатл ва фоҷеа" аст


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлати Муттаҳидаи Амрико ҳукумати Эронро ба монеи иттилоърасонӣ дар бораи хушунат дар баробари эътирозгарон дар ин кишвар, муттаҳам кард.

Оқои Трамп рӯзи панҷшанбеи 21-уми ноябр дар "Твиттер"-и худ навишт, "Эрон ба андозае бесубот шудааст, ки режими он тамоми системаи интернетро қатъ кардаааст, то миллати Эрон натавонад дар бораи хушунатҳои ваҳшатноке, ки дар ин кишвар сурат мегирад, суҳбат кунанд".

Ӯ афзудааст, ки мақомҳои Эрон фикр мекунанд, ки ҷаҳон аз марг ва фоҷеае, ки режими Эрон сабабгори он аст, бехабар хоҳад монд.

Ҳукумати Эрон дастрасӣ ба интернетро сар аз рӯзи якшанбеи 17-уми ноябр қатъ кардааст. Ин тазоҳурот рӯзи ҷумъаи гузашта пас аз он оғоз шуд, ки ҳукумати Эрон фурӯши бензинро саҳмиябандӣ кард ва қимати онро боло бурд.

Аз сӯи дигар, тибқи гузоришҳо мақомҳои Эрон ба барқарор кардани интернет дар бархе аз вилоятҳои ин кишвар оғоз кардаанд. Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон гуфтааст, ки пас аз чанд рӯзи ошӯб, оромиш дар ин кишвар бозгаштааст.

Дар эъломияи Сипоҳ, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, аз нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар барои ончи иқдоми муносиб дар баробари "ошӯбагарон" хонда шуд, ситоиш шудааст.

Хабаргузории "Форс" рӯзи панҷшанбе ба нақл аз бархе манбаъҳо гузориш додааст, ки Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ба дубора фаъол кардани интернет дар шуморе аз минтақаҳо, иқдом кардааст.

Иттиҳоди Аврупо як рӯз пеш гуфт, ки аз мақомҳои Эрон интизор дорад, то интернет дар ин кишварро барқарор кунад ва дар баробари эътирозгарон хештандор бошанд.

Созмони Афви Байналмилал гуфтааст, ки гумон меравад ҳади ақал 106 нафар дар ҷараёни тазоҳурот дар Эрон кушта шуда бошанд. Мақомҳои эронӣ кушта шудани чандин нафар, ба шумули аъзои ниҳодҳои қудратиро таъйид карда, омори созмони Афви байналмиларо ғайрибоварибахш хондаанд.

XS
SM
MD
LG