Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни мунтахабҳои олимпии занона дар Тоҷикистон мегузарад


Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занонаи то 23-сола, ки 22-юми ноябр дар шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор шуруъ мешавад, то 28-уми ноябр идома хоҳад кард.

Дар ин мусобиқаи минтақавӣ шаш дастаи мунтахаби занонаи олимпӣ аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Дар доираи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни занон ҳамагӣ 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад ва дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.

Дастаи мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро 22-юми ноябр муқобили тими Эрон баргузор мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 оғоз меёбад.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23)

Даври 1-ум

22-юми ноябр (ҷумъа)

14:00. Узбекистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Афғонистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Эрон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даври 2-юм

23-юми ноябр (шанбе)

14:00. Эрон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Узбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Тоҷикистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даври 3-юм

25-уми ноябр (душанбе)

14:00. Тоҷикистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Қирғизистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Туркманистон – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даври 4-ум

26-уми ноябр (сешанбе)

14:00. Узбекистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Афғонистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Туркманистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Даври 5-ум

28-уми ноябр (панҷшанбе)

14:00. Тоҷикистон – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Қирғизистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

XS
SM
MD
LG