Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон гунаҳкорони терроризмро дар биноҳои махсус ҷой мекунад


Мақомоти Тоҷикистон дар як нишасти минтақаӣ дар Душанбе гуфтанд, ки гунаҳкорон ба терроризму ифротгароиро аз маҳбусони дигар ҷудо мекунанд ва дар биноҳои махсус нигоҳ медоранд. Онҳо гуфтанд, тарҳи биноҳо омадааст, аммо ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Дар як соли ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон ду ошӯб сар зад ва бар асари он даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Мақомот дар ташкили ҳарду ошӯб зиндониёнеро гунаҳкор карданд, ки бо ҷурми ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд. Айни замон ин тахминҳо ҳам вуҷуд дорад, ки эҳтимол фасоду шароити бад ва бархӯрди номуносиб бо зиндониён ба ин вазъ сабаб шудааст.

Юсуфҷон Юсуфзода – сардори шӯъбаи дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон – рӯзи 20-уми ноябр дар нишасти “Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Тоҷикистон", бунёди муассисаҳои махсус барои маҳкумшудаҳо ба ҷурми терроризмро муҳим хонд.

Ӯ гуфт, “маҳбусоне, ки бо чунин ҷурмҳо зиндонӣ шудаанд, набояд дар ҷойҳои умумӣ, балки дар муассисаҳои махсус нигаҳдорӣ шаванд.” Қаблан баъзе аз мақомҳои Тоҷикистон ин корро нозарур хонда буданд.

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, бунёди биноҳои махсус дар дохили зиндонҳоро барои маҳбусоне, ки бо ҷурми ифротгароӣ маҳкум шудаанд, муҳим донист. Ӯ гуфт, тарҳи ин муассисаи камеравӣ аллакай омодааст. Ба гуфтаи ӯ, баробари ба истифода додани ин биноҳо, назорати ин гурӯҳи зиндониён сахттар мешавад ва ба бовари ӯ “беназмиву фирор аз байн меравад”.

“Тарбия кардани онҳо дар алоҳидагӣ осонтар аст, зеро маҳз ин гурӯҳи зиндониён манбаи асосии тарғиби ақидаҳои ифротӣ ҳастанд. Дар сурати бунёди ин муассиса, аз сӯиқасду куштор ва паҳншавии ақидаҳои ифротӣ пешгирӣ карда мешавад", -- афзуд Умаров.

Нишасти “Рушди низоми иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар Тоҷикистон" бо ибтикори Вазорати адлия ва созмони PRI (Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Миёна) баргузор шуд. Дар он ба ҷуз мақомоти тоҷик, коршиносони байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Моҳи ноябри соли гузашта дар зиндони Хуҷанд ва моҳи майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат ошӯби пурқурбонӣ сар зад. Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳодисаҳоро ба дӯш гирифт ва мақомот ҳам гуфтанд, ҳарду ошӯб кори дасти ифротгароён буд. Айни замон ин назарҳо ҳам вуҷуд дорад, ки зиндонҳои пур, утоқҳои танг ва шароити номусоиди маҳбасҳо ва фасод ба ин вазъ сабаб шудааст.

Ташкили биноҳои махсус барои гунаҳкорони терроризму ифротгароӣ дар ҳолест, ки як сол пеш мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, барои маҳбусони якумрӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, наздикии шаҳри Душанбе, зиндони алоҳида месозанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG