Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми Чин аз ифшои санадҳои давлатӣ дар бораи ӯйғурҳо


Ҳукумати Чин рӯзи сешанбе ифшои беш аз 400 сафҳа "санадҳои ҳассоси Ҳизби коммунист" аз сӯи рӯзномаи амрикоии "Ню-Йорк Тайм"-ро, ки аз иртиботи ҳукумати Чин бо раҳбарии Си Ҷинпин бо боздошти густурдаи мусалмонони ӯйғур парда мебардорад, ба шиддат маҳкум кард.

Боздоштҳои густурдаи мусалмонони ӯйғур дар минтақаи Шинҷон (Туркистони шарқӣ) аз сӯи ҳукумати Чин вокунишҳои байналмилалии зиёдеро дар пай дошт, аммо Пекин исрор дорад, ки онҳо боздошт нашуда ва танҳо ба урдугоҳҳои "бозомӯзӣ", мунтақил шудаанд.

"Ню-Йорк Тайм" рӯзи шанбе бо такя ба санадҳое, ки аз "як манбаи дохилии Чин берун омадааст", гузорише ба нашр расонд, ки тасвире аз сиёсати ин кишвар дар баробари ӯйғурҳои турки мусалмон ироа мекунад.

Бар асоси баровардаҳои Вазорати умури хориҷии Амрико, ҳукумати Чин то кунун ду миллион ӯйғури мусалмон ба ҳамроҳи бархе дигар аз ақалиятҳоро бидуни тай шудани раванди қонунии лозим, боздошт карда ва талош дар "решакан кардан"-и фарҳанги онҳо дорад.

Ҳукумати Чин ҳарчанд аз муддатҳо ба ин тараф вуҷуди ҳар гуна урдугоҳ дар кишварро инкор мекард, баъдҳо ин масъаларо эътироф намуд ва иддао кард, ки ин боздоштгоҳҳо барои "бозомӯзии ӯйғурҳо ва пешгирӣ аз ифротгароии исломӣ" аст.

Бо ин ҳол, санадҳои ҳукумати Чин, ки "Ню-Йорк Тайм" нашр кард, нишон медиҳад, ки сиёсати Пекин "боздошти умумӣ"-и мусалмонони ин кишвар аст ва як мақоми баландпояи ин кишвар дастур додааст, "ҳар касеро, ки бояд ҷамъоварӣ шаванд, ҷамъ кунанд".

Ин санад ҳамчунин ба дастури президенти Чин аз соли 2014 ишора мекунад, ки гуфтааст, "ҳеҷ чашмпӯшие барои саркӯби терроризм ва ҷудоиталабӣ набояд дар назар гирифта шавад".

Минтақаи Шинҷон дар гузашта шоҳиди эътирозҳо ва боздоштҳо будааст ва суханони Си Ҷинпин баъд аз як ҳамлаи террористӣ дар ин минтақа эрод шудааст.

Бар асоси гузориши "Ню-Йорк Тайм", ин санадҳо аз сӯи як узви Созмони давлатии Чин берун омадааст.

Генг Шуанг, сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин рӯзи душанбеи 18-уми ноябр бидуни ин, ки ин санадҳои ошкоршударо инкор кунад, иддао кард, ки рӯзномаи амрикоӣ "барқасдона шарҳи нодуруст" нашр кардааст. Ӯ ин гузоришро "таҳрифшуда" номид, ки талош дорад "кӯшишҳои зидди террористӣ ва зидди ифротгароӣ"-и ҳукумати Чинро лаккадор кунад.

Вай ба талошҳои "муваффақ"-и зидди ифротгароии ҳукумати Чин ишора карда ва гуфтааст, ки тайи се соли гузашта ҳеҷ ҳодисаи террористӣ дар минтақаи Шинҷон анҷом нашудааст.

Вай дар идома мавзӯи ӯйғурҳои Чинро масъалаи "дохилӣ"-и кишвар донист ва гуфт, ончи ҳукумати Пекин анҷом медиҳад, рабте ба мазҳаб, ҳуқуқи башар ва мавзӯи ақалиятҳо надорад.

Мақомоти маҳаллии Шинҷон низ гуфтаанд, гузориши "Ню-Йорк Таймс" "сохта" ва кори душманони дохилӣ ва хориҷӣ аст. "Ҳукуматҳои зиддичинии Ғарб намехоҳанд субот ва рушди пойдори Шинҷонро бубинанд".

Моҳи гузашта 22 узви Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, Амрико рафтори ҳукумати Чин бо мусалмонони ӯйғур ва боздошти густурдаи онҳоро мавриди интиқод карор доданд.

XS
SM
MD
LG