Дастаи мунтахаби наврасони Бразилия, ки дар бозии ниҳоӣ тими Мексикаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2019 миёни футболбозони то 17-сола гардид.
Бозии ниҳоӣ миёни ду дастаи мунтахаби наврасон - Мексика аз Амрикои Шимолӣ ва Бразилия аз Амрикои Ҷанубӣ - 17-уми ноябр дар Бразилия баргузор шуд.
Пеш аз финал дар Бразилия бозӣ барои ҷойи севум миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Нидерланд ва Фаронса доир гардид. Бозӣ бо ғалабаи футболбозони навраси фаронсавӣ бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт.
Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Бразилия бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт. Мунтахаби наврасони Мексика бо медалҳои нуқра ва мунтахаби наврасони Фаронса бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия дар гурӯҳи “Е” бо се имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд.
Футболбозони навраси тоҷик дар сабқати гурӯҳӣ бар мунтахаби наврасони Камерун бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, аз дастаҳои Испания (1:5) ва Аргентина (1:3) шикаст хӯрданд.
Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Испания ва Аргентина ба ҳаштякфинал баромаданд. Испания, ки дар даври ҳаштякниҳоӣ Сенегалро мағлуб кард, дар чорякфинал аз Фаронса бо ҳисоби бузурги 1:6 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон-2019 маҳрум гашт. Аргентина бошад, бозиро дар ҳаштякфинал ба Парагвай бо ҳисоби 2:3 бохт.
Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)
1/8 финал
5-уми ноябр (сешанбе)
Ангола – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1
Нигерия – Нидерланд – 1:3
6-уми ноябр (чоршанбе)
Ҷопон – Мексика – 0:2
Испания – Сенегал – 2:1
Бразилия – Чили – 3:2
Фаронса – Австралия – 4:0
7-уми ноябр (панҷшанбе)
Эквадор – Италия – 0:1
Парагвай – Аргентина – 3:2
1/4 финал
10-уми ноябр (якшанбе)
Нидерланд – Парагвай – 4:1
Кореяи Ҷанубӣ – Мексика – 0:1
11-уми ноябр (душанбе)
Испания – Фаронса – 1:6
Италия – Бразилия – 0:2
1/2 финал
15-уми ноябр (ҷумъа)
Мексика – Нидерланд – 1:1 (аз рӯи пеналтӣ – 4-3)
Фаронса – Бразилия – 2:3
17-уми ноябр (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
Нидерланд – Фаронса – 1:3
Финал
Мексика – Бразилия – 1:2
Бо гадои давлатдори карда мешудааст
Дар изҳороти Додситонии кул Баҳром Иноятзодаро ҳамчун хидматчии давлатӣ барои дастикам панҷ сол пинҳон кардани даромадҳояш айбдор кардаанд. Ауууу..... Читавр пинхон кардани даромадхо? Магар раиси хадамоти давлати набуд, ки гуфта буд холо точикистон барои чопи дороихои хизматчиени давлати таер нест? Аз кучо онхо фахмидаанд, ки у панч сол пинхонкори кардааст? Ин чи хукми суд аст, ки мардум хабар надорад? Бояд дороихои хама чиновникхои точикистон чоп шавад. Мардум донад, ки чи дорад чи не.
Мардуми кишвар Худо доранд, Пайғамбар ва Қуръон доранд, Қонуни асосии Ҷумҳуриашонро доранд ва ба маслиҳати тубаринҳо мӯҳтоҷ нестанд.
Адолат нест дар Точикистон. Ин мард барои сирри кудои призидентро ошкор карданаш ба ин хукми зиндон равона шуд. Гуш кунед судья ва прокуротураи Точикистон як руз мешавад шумо ба ин ноадолати чавоб хохед дод, шумо чавоб надихед фарзанду набераи шумо ин хукми ноадолатиро маззаашро мечашад. Худо дер гиру сахт Гир инро фаромуш накунед. Инро давлат меноманд як руз латашро мебинед. Озоди хаккикатчуй боши инро нашр кунед бигзор хонанду хулосаи даркори бароранд ин бадбахтхо.
Бисёр вокеахори порагириашонро дидам хамин охирин бор Дар фурудгох бори хамрох доштаам каме зиёд буд аз пасам мисли пашшаи болои... часпиданд ки 200сомони гиранду борамро рад кунанд дар сурате ки чандин нафарони бор надошта гуфтан нисфашро мо мегирем. Мехохам дар пешонии гумрукчихо харомхур навишта бошад.