Рӯзи 14-уми ноябр 16 бозии даври чаҳоруми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар қораи Осиё дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ баргузор шуд.
Ҳисоби аз ҳама бузург дар ин давр дар бозии гурӯҳи В миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тайбейи Чин ба назар расид. Футболбозони мунтахаби Кувайт ба дарвозаи меҳмонон 9 голи беҷавоб заданд.
Марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, даври 5-ум, 14-уми ноябр:
Гурӯҳи А:
Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам
Молдив – Филиппин – 1:2
Сурия – Чин – 2:1
Дар ин гурӯҳ Сурия бо 12 имтиёз пешсаф аст. Чин ва Филиппин бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Молдив бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. Гуам бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.
Гурӯҳи В:
Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал
Урдун – Австралия – 0:1
Кувайт - Тайбейи Чин –– 9:0
Дар ин гурӯҳ Австралия бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Кувайт ва Урдун бо 7-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд. Непал бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. Тайбейи Чин бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.
Гурӯҳи С:
Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа
Ироқ – Эрон - 2:1
Ҳонконг - Баҳрайн - 0:0
Дар ин гурӯҳ Ироқ бо 10 имтиёз пешқадам аст. Баҳрайн бо 8 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. Эрон бо 6 имтиёз мақоми севумро азони худ намудааст. Ҳонконг бо 2 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва Камбоҷа бо як имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.
Гурӯҳи D:
Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур
Узбекистон - Арабистони Саудӣ –– 2:3
Яман – Фаластин - 1:0
Дар ин гурӯҳ Арабистони Саудӣ бо 8 имтиёз пешсаф аст. Узбекистон бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Яман бо 5 имтиёз дар ҷойи севум аст. Фаластин ва Сингапур бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.
Гурӯҳи E:
Қатар, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Бангладеш
Афғонистон - Ҳиндустон - 1:1
Умон – Бангладеш - 4:1
Дар ин гурӯҳ Қатар бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Умон бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Афғонистон бо 4 имтиёз дар ҷойгоҳи севум мебошад. Ҳиндустон бо 3 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва Бангладеш бо як имтиёз дар ҷойгоҳи панҷум қарор доранд.
Гурӯҳи F:
Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон
Мянмар - Тоҷикистон - 4:3
Қирғизистон - Ҷопон - 0:2
Дар ин гурӯҳ Ҷопон бо 12 имтиёз пашсаф аст. Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. Муғулистон ва Мянмар бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.
Гурӯҳи G:
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия
Ветнам - Иморот – 1:0
Малайзия – Тайланд - 2:1
Дар ин гурӯҳ Ветнам бо 10 имтиёз ҷойи аввалро гирифтааст. Тайланд бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Иморот ва Малайзия бо 6-имтиёзӣ ҷойҳои севуму чаҳорумро ишғол намудаанд. Индонезия бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Гурӯҳи H:
Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка
Лубнон – Кореяи Ҷанубӣ – 0:0
Туркманистон –- Кореяи Шимолӣ - 3:1
Дар ин гурӯҳ Кореяи Ҷанубӣ бо 8 имтиёз пешсаф аст. Лубнон ва Кореяи Шимолӣ бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Туркманистон бо 6 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кардааст. Шри-Ланка бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор дорад.
Бояд тазаккур дод, дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол 40 даста ширкат дорад, ки ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст.
Марҳилаи интихобӣ, ки 5-уми сентябри имсол шуруъ шуд, 9-уми июни соли 2020 ба поён мерасад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.
Умный счётчик меган ин маьнои онро дорад пул свет гарон мешавад аллакай шуд ва бисер кор мекунад
Иноятзода аз аз Бек Сабури котеъона талаб кард, ки у низ андозро дар баробари мардуми одди пардохт кунад. Мана гунохаш хамин.
Агар дороихои хама чиновникхои точикистон чоп шавад, баъзеаашон халтакаф мешаванд? Магар авлод дороиҳояшро ошкор мекунад? Як ширкати Фарозашро муфлис эълон кард. IRS ро ба номи кадом домод сабт кардааст номълум? Наход дар зарфи 25 сол баъзеаашон мулт милионер шаванд?
Агар аз авлоди президент мебуд чи
Адолати суди дар Точикистон????Худо накунад,ки ба онхо корат афтад....