Дастаҳои мунтахаби наврасони Мексика ва Бразилия ба бозии ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола, ки дар Бразилия ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.
14-уми ноябр дар нимфинали қаҳрамонии ҷаҳон-2019 Мексика бар Нидерланд аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) ва Бразилия бар Фаронса бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд.
Ба ин тартиб, ду дастаи мунтахаби наврасон - Мексика аз Амрикои Шимолӣ ва Бразилия аз Амрикои Ҷанубӣ - муборизаро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола идома медиҳанд.
Дар бозии ниҳоӣ 17-уми ноябр Мексика ва Бразилия рақобат мекунанд. Пеш аз финал бозӣ барои ҷойи севум миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Нидерланд ва Фаронса баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия дар гурӯҳи “Е” бо се имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд.
Футболбозони навраси тоҷик дар сабқати гурӯҳӣ бар мунтахаби наврасони Камерун бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, аз дастаҳои Испания (1:5) ва Аргентина (1:3) шикаст хӯрданд.
Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Испания ва Аргентина ба ҳаштякфинал баромаданд. Испания, ки дар даври ҳаштякниҳоӣ Сенегалро мағлуб кард, дар чорякфинал аз Фаронса бо ҳисоби бузурги 1:6 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳои қаҳрамонии ҷаҳон-2019 маҳрум гашт. Аргентина бошад, бозиро дар ҳаштякфинал ба Парагвай бо ҳисоби 2:3 бохт.
Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни наврасон (U-17)
1/8 финал
5-уми ноябр (сешанбе)
Ангола – Кореяи Ҷанубӣ – 0:1
Нигерия – Нидерланд – 1:3
6-уми ноябр (чоршанбе)
Ҷопон – Мексика – 0:2
Испания – Сенегал – 2:1
Бразилия – Чили – 3:2
Фаронса – Австралия – 4:0
7-уми ноябр (панҷшанбе)
Эквадор – Италия – 0:1
Парагвай – Аргентина – 3:2
10-уми ноябр (якшанбе)
Нидерланд – Парагвай – 4:1
Кореяи Ҷанубӣ – Мексика – 0:1
11-уми ноябр (душанбе)
Испания – Фаронса – 1:6
Италия – Бразилия – 0:2
1/2 финал
15-уми ноябр (ҷумъа)
Мексика – Нидерланд – 1:1 (аз рӯи пеналтӣ – 4-3)
Фаронса – Бразилия – 2:3
17-уми ноябр (якшанбе)
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
23:00 Нидерланд - Фаронса
18-уми ноябр (душанбе)
Финал
03:00 Мексика - Бразилия
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – бо вақти Душанбе