Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати “шоҳиди муҳим” ба таҳқиқи нобоварӣ ба Трамп


Адам Шифф, узви Конгресси Амрико, раиси Кумитаи иктишофии Маҷлиси Намояндагон гуфт, вай як коргари сафорати Иёлоти Муттаҳидаро дар Украина даъват кардааст, то дар таҳқиқи нобоварӣ ба президент Доналд Трамп гувоҳӣ диҳад. Вай ин коргарро "шоҳиди хеле муҳим" номид.

Вилям Тейлор, дипломати баландпояи Амрико дар Украина, рӯзи 13-уми ноябр дар Кумитаи иктишофии Конгресс гуфт, яке аз кормандонаш ҳангоми суҳбати телефонӣ шунидаст, ки Трамп аз сафири Амрико дар Иттиҳоди Аврупо Гордон Сондланд дар бораи "тафтишот" пурсидааст.

Ба гуфтаи Тейлор, Сондланд гуфта, ки украинҳо омодаанд пеш раванд. Изҳороти Тейлор дар бораи он чи ин коргар шунидааст, эҳтимолан бузургтарин пешрафтест, ки дар беш аз панҷ соати гувоҳидиҳии ӯ ва Ҷорҷ Кент, ҷонишини вазири корҳои хориҷӣ оид ба назорати Украина дар Кумитаи иктишофи маҷлис ба даст омадааст.

Кумита дар ҳоли баррасӣ аст, ки оё Трамп бо нигоҳ доштани ёриҳои ҳарбӣ ба ин кишвар ба президент Владимир Зеленский фишор овардааст ба зидди рақиби сиёсии ӯ Ҷо Байден тафтишот сар кунад ё не. Пас аз телефон Сондланд ба коргари сафорат гуфтааст, президенти ИМА “бештар дар бораи тафтишот”-и хонаводаи Байден ғамхорӣ мекунад, то ба Украина.

Тейлор гуфтааст, аз гузориши ин коргар дар бораи гуфтугӯи рӯзи 26-уми июли Трамп ва Зеленский танҳо ҳафтаи гузашта шунидааст. Адам Шифф маълумоти навро "ниҳоят муҳим" номид ва ба хабарнигорон дар поёни рӯзи гувоҳидиҳӣ гуфта, ин нишон медиҳад дастурҳои вобаста ба Украина "аз президент баромадаанд".

XS
SM
MD
LG