Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дукони гӯштфурӯшии омӯзгори самарқандӣ дар ҳудуди мактаб


Дар ҳудуди мактаби №24 дар шаҳри Самарқанди Узбекистон дукони гӯштфурӯшӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар бораи фурӯши гӯшти гӯсфанд дар ҳудуди мактаб рӯзи 12 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода шуд. Ин хабар баҳси гармеро дар шабакаҳо ба бор овард.

"Гӯштфурӯш" омӯзгори мактаби мазкур будааст, ки рӯзи 11 ноябр аз коргоҳи бародараш гӯшт оварда, дар ҳудуди мактаб ба фурӯш гузоштааст.

Бархе аз омӯзгорон гӯштро бо нася харида, ваъда кардаанд, ки аз маошашон пардохт хоҳанд кард. Комисияи маҳаллӣ аз рӯи ин ҳодиса санҷиш гузаронида, ба омӯзгор ва мудири мактаб огоҳӣ додааст.

XS
SM
MD
LG