Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмон аз кори ниҳодҳои амниятӣ ва умури дохилӣ интиқод кардааст


Бархе аз ширкаткунандагони нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ширкати раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 14 ноябр пас аз поёни он ҷаласаи мақомоти аршади ниҳодҳои худ​ро баргузор ва онҳоро аз ҷараёни ҳамоиш огоҳ кардаанд.

Як манбаи мо, ки аз ҷузъиёти ҷаласа огоҳ аст, гуфт, президент аз ғафлати мақомоти марзбонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ интиқод кардааст, ки натавонистаанд, бо огоҳии пешакӣ аз рӯйдоди 6 ноябр дар дидбонгоҳи "Ишқобод" пешгирӣ кунанд.

Манбаъ ба нақл аз президент гуфт, "вақте шумо аз кори се-чаҳор террорист огоҳ нестед ва моҳҳо онҳо омодагӣ мегиранд, шумо бехабар мемонед, пас вазифаи шумо чӣ ҳаст." Ӯ ҳамчунин аз кори ниҳодҳои иктишофӣ танқид карда ва гуфтааст, чаро нозирони Вазорати умури дохилӣ дар маҳалҳо ҳаракати одамони шубҳаоварро зери назорат намегиранд.

Аз кормандони тамоми ниҳодҳо, ҳатто Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Агентии мубориза бо маводи мухаддир, Агентии мубориза бо фасод, додситонӣ ва КДАМ-у МВД хостааст, ки дар мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунанд. Ӯ гуфтааст, ки ин бояд як бахши муҳими кори шумо бошад, фақат ба ВКД ва КДАМ такя накунед.

Як манбаи дигар низ аз ноқаноатмандии ҷиддии раисиҷумҳур дар нишасти Шӯрои амният хабар дод ва ҳамчунин шеваи пахши иттилоъро дар бораи он низ интиқод кард. Ин манбаъ аз додани ҷузиёти бештар худдорӣ намуд.

Нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон пас аз тақрибан 10 рӯзи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Бо вуҷуди он ки аз танқидҳои президент нисбати мансабдорони баландпоя хабар мерасад, чунин тарзи интиқод дар гузашта низ нисбати мансабдорони гуногун садо додаанд, вале кам иттифоқ афтодааст, ки раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ муҷозот шуда бошанд. Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зимни хабарҳои зиёд роҷеъ ба "сарбозшикор" ҳамчун роҳи пур кардани сафҳои артиш аз вазири дифои Тоҷикистон даъват шудааст, аз мансабаш истеъфо диҳад.

Мақомот гуфтанд, дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳ ва масоили дигар додситони кул, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ гузориш доданд. Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти суҳбатҳои онҳо маълум нест. Ва ҳамчунин рушан нест, оё онҳо фарзияи расмии қаблиро ба сарвари давлат расонданд ё гузориши ҳар ниҳод бо ҳам фарқ мекард.

Дар ҳамлаи шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ва дар марзи Тоҷикистону Узбекистон 15 ҳамлавар ва чанд тан аз нерӯҳои марзбонӣ ва милиса кушта, панҷ ҳамлавар дастгир шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки ҳамла кори ҷангҷӯёни гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати исломӣ" аст ва ба иттилои расмӣ "онҳо аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд".

ДОИШ низ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҳамчунон фарзия ва гумонзаниҳои дигаре дар ҷомеа ва расонаҳо вуҷуд дорад. Мақомоти Афғонистон ва чандин манбаи боварбахш дар мақомти Тоҷикистон убури ҳаросафканонро аз марз рад кардаанд.

Дар шабу рӯзи ҳодиса раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Аврупо буд ва ин ҳодиса бори нахуст бо ҳузури ӯ баррасӣ мешавад.

Дар нишасти Шӯрои амният масъалаи иҷрои қонуни афв низ баррасӣ шудааст. Мансурҷон Умаров, сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон гуфт, то кунун 6 ҳазор нафар аз маҳбасҳо озод шуданд.

Мансурҷон Умаров рӯзи 14 ноябр пас аз поёни нишаст дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои амният раиси ҷумҳур дастур додааст, ки масъалаи иҷроиши қонуни афв ҳар чи зудтар ва бо пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ ба охир расонида шавад. Умаров гуфт, то ҳол ягон шикоятеро дар робита ба ҷой доштани омилҳои коррупсиёнӣ ҳамнгои татбиқи қонуни афв аз наздикони маҳбусон дастрас накардаанд.

Дар сурати ба даст омадани тафсилоти нишасти Шӯрои амният дар ин ҷо нашр хоҳем кард. Моро пайгирӣ кунед, вале то он дам хабарҳои охирин ва назарҳоро дар бораи ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ин ҷо бихонед.

XS
SM
MD
LG