Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади куҳнаварди русро баъди се моҳ дар Сангвор ёфтанд


Акс аз бойгонӣ

Шикорчиён дар ноҳияи Сангвори Тоҷикистон (Тавилдараи пешин) пораҳои ҷасад ва шиносномаи Ирина Третякова, кӯҳнаварди русро пайдо кардаанд. Третяковаи 61-сола моҳи августи имсол ҳамроҳи чаҳор куҳнаварди дигари рус -- Александр Колпаков, Алексей Колпаков, Георгий Ретман ва Виктория Ким -- ба ноҳияи Сангвор омада буд, аммо ҳангоми убури мавзеи Шикорбас дар дараи Қирғизоб ба дарё афтод. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз 20-уми августи имсол боз дар ҷустуҷӯи ҷасади ин куҳнаварди рус буданд.

Темур Исматов, молики як ширкоргоҳ дар ноҳияи Сангвор, рӯзи 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамкорони ӯ дар мавзеи баҳамоии шохоби Қирғизоб, Ванҷоб ва Ғармоб, ки рӯди Хингобро ба вуҷуд меоранд, бозмондаҳои ҷасад ва мӯйи сарро пайдо кардаанд.

"Маро ба ҷойи ҳодиса даъват карданд. Вақте рафтем, борхалта (рюкзак) ёфтем. Дар дохилаш шиносномаи Ирина Третякова ва корти бонкӣ, беш аз 16 ҳазор рубли русӣ ва 200 доллар буд. Зуд ба кормандони Шӯъбаи умури дохилӣ хабар додем ва онҳо омада ташхис карданд ва барои ташхиси ДНК мавод гирифтанд", -- нақл кард ӯ.

Мақомот гуфтанд, натиҷаи ташхисро интизоранд.

Исматов мегӯяд, дарё ҷасадро тақрибан ду километр поинтар бурда, ба соҳил ҳаво додааст, аммо дар ин фурсат ҳайвонҳои ваҳшӣ, ба эҳтимоли зиёд хирсҳо, ҷасадро хӯрдаанд ва аз он қисмати мӯй ва порчаҳои алоҳида ва устухон мондаасту бас.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ин мавзеъ аз маҳалли сукунати мардум хеле дур ҷойгир аст ва наздиктарин деҳа ба ин ҷо рустои Арзинги Сангвор мебошад.

Исматов гуфт, дар қисмати болотари мавзеъ шикоргоҳ доранд ва нахчир мепарваранд ва ҷангалбонҳои ширкати ӯ (егерҳо) доим минтақаро назорат мекунанд, то шикори ғайриқонунӣ сурат нагирад. Дар ин асно онҳо тасодуфан ба бозмондаҳои ҷасади куҳнаварди рус дучор омадаанд.

Барои фатҳи қуллаҳо куҳнавардон аз хориҷа зиёд ба Тоҷикистон меоянд ва гоҳе ин сафар бо фоҷиа меанҷомад. Моҳи июли соли 2019 Василий Дроздов, кӯҳнаварди маъруф аз вилояти Архангелски Русия, ҳангоми фатҳи қуллае дар Бодхона дар қаторкӯҳҳои Зарафшон ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд.

Дроздов дар фатҳи қулла бо кӯҳнавардони ботаҷрибаи вилояти Архангелск Дмитрий Чернишёв, Дмитрий Шпилёв ва Михаил Носенко иштирок доштааст. Онҳо ҷасади Дроздовро ба Душанбе оварданд ва ба зодгоҳаш Архангелск фиристоданд.

Моҳи августи соли 2016 дар пайи фоҷиае ҳангоми фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ду кӯҳнаварди ботаҷрибаи рус – Михаил Волков ва Наталя Тсветова дар баландии 6800 метр қурбони тарма шуда, ҷони худро аз даст доданд. Соли 2011 дар бораи марги як кӯҳнаварди олмонӣ дар кӯҳҳои Фони вилояти Суғд низ хабар пахш шуд.

Соли 2017 Аҳмади Некбаён, куҳнаварди 58-солаи Эрон ҳангоми фатҳи қуллаи Карл Маркс, воқеъ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ҳалок шуд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG