Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарон дар қатли тоҷири қирғиз боздошт шуданд


Гумонбарони қатли тоҷир Айеркен Саймаитӣ ангезаҳои ҷинояти содиркардаашонро ошкор карданд. Дар ин бора аз мақомоти пулиси Туркия хабар доданд.

"Шаҳрванди Сурия Алӣ Исбеҳ ва ду шаҳрванди Қирғизистон - Ҳусейн Акматалиев ва Абдуллоҳ Энвер боздошт шуданд. Шаҳрванди Сурия шиносномаи ҷаълӣ дошт. Онҳо дар Сурия бо ҳам ошно шудаанд. Қирғизистониҳо моҳе пеш ба Туркия омаданд. Боздоштшудаҳо дар бозпурсӣ гуфтанд, ки тоҷирро ба хотири мусалмон набуданаш куштаанд", - гуфт Атилла Килич, намояндаи пулиси Туркия.

Айеркен Саймаитӣ шоми 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Саймаитиро замоне куштанд, ки вай дар наздикии қаҳвахонае дар минтақаи Фотеҳи Истамбул нишаста буд. Қотил аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ 29 майи соли равон таҳқиқоти рӯзноманигор Алӣ Тоқтакуновро зери унвони "Аз пайи миллионҳо доллари аз Қирғизистон бурдашуда" нашр кард, ки бар асоси он, тайи солҳои 2011- 2017 ҳудуди 700 млн доллар ба воситаи бонкҳои гуногун ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ИМА ва Ҳонгконг интиқол дода шудааст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки соҳибкор Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст.

Пештар аз ин хабар дода шуд, ки бо гумони қатли Айеркен Саймаитӣ ду шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Сурия боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG