Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии Афғонистон бо Ҳиндустон ва Қатар дар Душанбе бозӣ мекунад


Тими миллии футболи Афғонистон ду бозии навбатии марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро дар гурӯҳи “Е” муқобили дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (14-уми ноябр) ва Қатар (19-уми ноябр) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Ин бозиҳо соати 19:00 шуруъ мешаванд.

Мунтахаби Афғонистон бар асоси қуръакашии марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Бангладеш, Умон, Ҳиндустон ва Қатар рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Афғонистон нахустин бозиашро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Е» муқобили мунтахаби Бангладеш 10-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе анҷом дод. Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт.

Вале баъдан футболбозони афғон дар ду бозии дигари гурӯҳи “Е” дар меҳмонӣ аз мунтахаби Қатар бо ҳисоби бузурги 0:6 ва мунтахаби Умон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд.

Дар гурӯҳи “Е” мунтахаби Қатар, ки 4 бозӣ анҷом додааст, бо 10 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Умон бо 6 имтиёз аз се бозӣ дар ҷойи дувум қарор дорад. Мунтахаби Афғонистон бо 3 имтиёз аз се бозӣ ҷойи севумро касб намудааст. Мунтахаби Ҳиндустон бо 2 имтиёз аз се бозӣ дар ҷойи чаҳорум ва мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз аз се бозӣ дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Бояд тазаккур дод, Федератсияи футболи Афғонистон Тоҷикистонро мизбони бозиҳои дастаи мунтахаби миллӣ ҷиҳати баргузории бозиҳои марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 интихоб намудааст.

Мунтахаби Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул бозиҳои хонагиашро барои бори дувум аст, ки дар хоки Тоҷикистон баргузор мекунад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон мизбонии рақобатҳои дастаи мунтахаби Афғонистонро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 пазируфтааст.

Зимнан, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон, ки 7-уми июни имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳисобро Умрон Ҳайдарӣ, бозигари мунтахаби Афғонистон, боз кард. Голи ҷавобиро Шаҳром Самиев дар дақиқаҳои охири бозӣ ба самар расонид.

Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошеви 53-солаи узбекистонӣ ва тими миллии Афғонистон бо сарварии сармураббӣ Анӯш Дастгири 29-сола, ки дар Ҳолланд ба сар мебарад, ба майдон омада буданд.

Дар ҳамин ҳол тими миллии Афғонистон бо раҳбарии сармураббӣ Анӯш Дастгир дар шаҳри Душанбе ба бозиҳои марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “Е” муқобили дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон ва Қатар омодагӣ мебинад. Бояд гуфт, ки 95 дар сади бозигарони мунтахаби Афғонистон дар бошгоҳҳои футболи хориҷӣ бозӣ мекунанд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «Е»

Даври 5-ум

14-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00

Афғонистон – Ҳиндустон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 6-ум

19-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00

Афғонистон – Қатар

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG