Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти футболбозони тоҷик дар меҳмонӣ дар Куала-Лумпур


Лаҳзае аз бозӣ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Малайзия ва Тоҷикистон рӯзи шанбеи 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор шуд. Голи ягонаро Муҳаммад Сафавӣ Расид дар дақиқаи 72-юм зад.

Ин бозии дӯстона дар доираи омодагии футболбозони тоҷик ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Мянмар ва Қирғизистон доир гардид.

Бояд гуфт, ки дар ибтидои нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 46-ум, сардовар Разлан Бин Ҷоффри Алӣ аз Малайзия ба дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов, ки берун аз ҷаримагоҳ бо даст бозӣ кард, корти сурх нишон дод. Теъдоди бозигарон дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон то охири бозӣ як нафар кам буд.

Зимнан, дар раддабандии FIFA (Федератсиони байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол) алъон Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 116-ум (1168 имтиёз) ва Малайзия дар ҷойгоҳи 158-ум (1009 имтиёз) қарор доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, субҳи сешанбеи 12-уми ноябр аз Куала-Лумпур тавассути Бангкок ба Мандалай парвоз менамояд. Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон 14-уми ноябр дар Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон барои бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо мунтахаби Қирғизистон озими Бишкек мешавад. Ин бозӣ 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Мунтахаби Ҷопон, ки дар ҷадвали гурӯҳи "F" бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад.

Дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.

Мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Бозии дӯстона

Малайзия – Тоҷикистон – 1:0

Гол: Муҳаммад Сафавӣ Расид, 72.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (Искандар Ҷалилов, 76), Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (Шериддин Бобоев, 88), Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Эргашев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 66), Фатҳулло Фатҳуллоев (Комрон Турсунов, 72), Эҳсони Панҷшанбе (Нуриддин Давронов, 80), Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов (Шоҳрух Қирғизбоев, 50).

Аз майдон ихроҷ шуд: Рустам Ятимов (Тоҷикистон), 46

Сардовар: Разлан Бин Ҷоффрӣ Алӣ (Малайзия).

9-уми ноябр. Куала-Лумпур. Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил. 14 542 тамошобин.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 5-ум

14-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:30 бо вақти Душанбе

Мянмар – Тоҷикистон

Мандалай, варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium»

Даври 6-ум

19-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00 бо вақти Душанбе

Қирғизистон – Тоҷикистон

Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG