Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико писари Хоманаӣ ва шуморе аз наздикони раҳбари Эронро таҳрим кард


Вазорати молияи Амрико рӯзи душанбеи 4-уми ноябр ҳамзамон бо чиҳилумин солгарди ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон, 9 шахси наздик ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва ҳамчунин Ситоди куллии нерӯҳои мусаллаҳи Эронро таҳрим кард. Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ин таҳримҳоро "бефоида" ва "нишонаи нотавонии Амрико" донист.

Муҷтабо Хоманаӣ, фарзанди раҳбари Эрон, Муҳаммад Муҳаммадии Гулпоягонӣ, раиси дафтар ва Ваҳид Ҳаққониён, муовини "умури вижа"-и хонаводаи раҳбарӣ, дар феҳристи нави таҳримҳои Амрико қарор гирифтаанд. Иброҳим Раисӣ, раиси Додгоҳи олӣ, Алиакбар Вилоятӣ, мушовири умури байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва Ғуломалии Ҳаддод, мушовири раҳбари Эрон, аз дигар афроде ҳастанд, ки аз сӯи Амрико таҳрим шуданд.

Амрико ҳамчунин Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ғуломалӣ Рашид, фармондеҳи қароргоҳи низомии "Хотам-ул-Анбиё" ва Ҳусейн Деҳқон, вазири пешини дифоъ ва мушовири низомии раҳбари Ҷумҳурии исломиро, таҳрим кардааст.

Вазорати молияи Амрико дар баёнияе гуфтааст, ки таҳримҳои нав "тавононии раҳбари Ҷумҳурии исломиро барои пешбурди кори террор ва саркӯб заъиф мекунад". Ин баёния мегӯяд, "вазорати молия имрӯз мақомҳои ғайриинтихобиро ҳадаф қарор медиҳад, ки дар атрофи Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳалқа задаанд ва сиёсатҳои бесуботкунандаи вайро иҷро мекунанд".

Вазорати молияи Амрико мегӯяд, ин афрод дар бархе аз "фаъолиятҳои вайронкорона"-и режим, аз ҷумла бамбгузорӣ дар Маҷмаи нерӯҳои баҳрии Амрико дар Бейрут дар соли 1983 ва ҳамчунин шиканҷа ва куштори ғайриқонунӣ ва саркӯби мардум даст доштаанд".

Бар асоси ин баёния, дороиҳои афроди таҳримшуда дар хоки Амрико мусодира хоҳад шуд ва афрод ва ширкатҳои амрикоӣ аз ҳар гуна муомила бо онҳо манъ шудаанд. Вазорати молияи Амрико сабаби таҳрими Алиакбар Вилоятӣ, собиқ вазири умури хориҷӣ ва мушовири умури байналмилалии раҳбари Ҷумҳурии исломии Эронро "даст доштан"-и вай дар таркиши бинои Анҷумани ҳамёрии Исроил ва Аргентина, унвон кардааст.

Чеҳраҳои калидии дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ бо бештар кардани нуфузашон дар сохторҳои иҷроӣ, аз ҷумла дар ҳукумат ва дастгоҳҳои зери назари раҳбар, расонаҳо ва дастгоҳҳои таблиғотӣ, нақши муҳиме дар контроли рӯйдодҳои ҷорӣ, бозӣ мекунанд. Муҷтабо Хоманаӣ, фарзанди дувуми Алии Хоманаӣ аст ва дар солҳои гузашта шуморе аз шахсиятҳои сиёсӣ аз нуфузи болои ӯ дар дафтари раҳбари Ҷумҳурии исломӣ интиқод карда буданд.

Амрико аз моҳи майи соли 2018, ки аз созиши ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон хориҷ шуд, таҳримҳои иқтисодӣ ва низомӣ алайҳи Эронро бештар кардааст. Доманаи ин таҳримҳо то ҷое густурда шуд, ки ҳатто Оятуллоҳ Хоманаӣ низ аз он дар амон намонд. Доналд Трамп чанд моҳ пеш бо имзои як фармон, таҳримҳои наве алайҳи Хоманаӣ ва хонаводаи ӯро таъйид кард.

Муҳаммад Муҳаммадии Гулпоягонӣ аз ибтидои раҳбарии Оятуллоҳ Хоманаӣ дар авохири солҳои 80-уми қарни гузашта, раёсати дафтари вайро ба ӯҳда дорад. Иброҳим Раисӣ, ки чанд моҳ пеш аз сӯи раҳбари Ҷумҳурии исломӣ раиси Додгоҳи олии Эрон таъйин шуд, дар таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо низ шомил мебошад. Ӯ дар авохири солҳои 80-ум узви ҳайати чаҳорнафарае буд, ки дар бораи эъдоми зиндониёни сиёсӣ тасмим мегирифт.

Вазорати молияи Амрико ҳамчунин Ваҳид Ҳаққониён, "муовини вижа"-и дафтари раҳбари Эронро таҳрим кардааст. Ин вазорат оқои Ҳаққониёнро "дасти рост"-и раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, муаррифӣ кардааст. Вай дар маросимҳои расмӣ ҳамеша дар паҳлӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳузур дорад ва дар солҳои гузашта бархе аз шахсиятҳои сиёсӣ аз ӯ ба унвони робит ё пайвандгари раҳбари Ҷумҳурии исломӣ бо дигар мақомот ном бурдаанд.

Ҳукумати Амрико чанд рӯз қабл бахши биносозӣ дар Эронро бинобар робита бо Сипоҳи посдорон, таҳрим карда буд. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Доналд Трамп худи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро дар феҳристи "Созмонҳои террористии хориҷӣ" қарор дода буд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба ин таҳримҳо гуфт, ки мақомоти Амрико аз саросемагӣ ва бинобар нокомиҳо дар "баробари иродаи пӯлодини миллати Эрон нисбат ба таҳримҳо", даст ба чунин кор мезанад.

XS
SM
MD
LG