Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Видеои футболбозони тоҷикро 1 800 000 бор дидаанд


Дастаи футболбозони то 17-солаи Тоҷикистон
Дастаи футболбозони то 17-солаи Тоҷикистон

Бо вуҷуди ноком шудани тими футболбозони 17-солаи тоҷик дар Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар Бразилия як лаҳзаи бозии онҳо дар Твиттер ба “дастоварди бузург” ноил шуд. Лаҳзаи 28 сониягии бозии онҳо бо тими Камерунро корбарон бештар аз 1 миллиону 800 ҳазор маротиба тамошо кардаанд. Ин лаҳзаро саҳифаи варзишии ​GiveMeSport Football дар Твиттер нашр карда ва гуфтааст, ҳарчанд истифода аз ҳиллае, ки бозигарони Камерунро сардаргум кард, як ҳиллаи оддист, вале аксарият онро маҳорати фавқуллода номидаанд.

Бо вуҷуди истифодаи моҳирона аз вазъи ҷаримавӣ, футболбозони тоҷик натавонистанд, ба ҳадаф бирасанд ва тӯбашон хато хӯрд. Бозӣ рӯзи 29-уми октябр баргузор шуд ва дастаи Тоҷикистон дар он бо ҳисоби 1 бар 0 рақибашро шикаст дод. Бо вуҷуди ҳаёҳу дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар бораи ин бозии дастаи наврасони кишвар, тими футболбозони то 17-сола то ба марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқот нарасид.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар бозии севумаш дар қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия аз мунтахаби наврасони Аргентина бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоӣ маҳрум шуд. Футболбозони тоҷик аз тими Испания бо ҳисоби 5 бар як ва аз дастаи Аргентина бо ҳисоби 3 бар як шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG