Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаҳрҳои Русия марши миллатгароён баргузор шуд


Раҳпаймоии "Русский Марш" дар Маскав
Раҳпаймоии "Русский Марш" дар Маскав

Дар чандин шаҳри Русия 4 ноябр, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ шумурда мешавад, зери унвони "Марши русӣ" ("Русский марш") ҷамъомад ва раҳпаймоии миллатгароён ҷараён гирифт. Ин одат аз соли 2005 ба ин сӯ роиҷ гаштааст.

Дар Маскав "Марши русӣ" дар минтақаи Люблино баргузор гашт. Ин дар ҳолест, ки шаҳрдорӣ қабланд баргузории онро мақбул надониста буд.

Дар Санкт-Петербурге ин маърака бо расми гулгузорӣ ҷараён гирифт. Маъракаҳое зери унвони "Марши русӣ" ҳамчунин дар Новосибирск, Псков, Саратов ва Екатеринбург барпо шуданд.

Дар оғози пайдоишашон ин маршҳо ҳазорон нафарро гирд меоварданд, аммо солҳои баъдӣ шумори ширкаткунандагон ҷамъомади миллатгароён коҳиш ёфт. Дар соли гузашта, ҳарчанд чунин раҳпаймоиҳо дар 12 шаҳри Русия баргузор гашт, шумори ширкаткунандагони онҳо дар ҳар яке аз ин шаҳрҳо аз сад нафар камтар буд.

XS
SM
MD
LG