Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқи озарӣ ба кома афтодааст


Оқтай Гулалиев дар шифохона
Оқтай Гулалиев дар шифохона

Оқтай Гулалиев, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи шинохтаи Озарбойҷон, ки дар шаҳри Боку ӯро мошин зад, дар ҳоли кома қарор доштааст. Ҳамсараш Фирӯза Гулалиева, рӯзи 4-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Оқтай Гулалиевро, рӯзи 29-уми октябр баъди садама ба шифохона бурданд. Гулалиев, ҳамоҳангсози Кумитаи зидди истибдод ва шиканҷа дар Озарбойҷон аст, ки барои ҳимоят аз ҳаққи зиндониён дар Озарбойҷон кор мекунад.

Ӯ аз ҳуқуқи даҳҳо нафар, ки парвандаҳояшонро дорои ангезаҳои сиёсӣ мешуморанд, ҳимоят кардааст. Баъде, ки ӯро мошин зад, ҳамкорону мухолифони давлат гуфтанд, ин ҳодиса кори дасти мақомот аст, ки хостаанд, ин ҳомии ҳуқуқро бикушанд. Пулиси Боку рӯзи 1-уми ноябр иддаоҳои мухолифонро рад карда гуфт, ки Оқтай Гулалиев дар як садамаи оддии нақлиётӣ маҷрӯҳ шудааст ва ҳодиса ҳеҷ иртиботе ба фаъолияти ӯ надорад.

Писараш Алӣ рӯзи 1-уми ноябр ба телевизиони Настояшее Время гуфт, баъди ҳимояти падараш аз ҳуқуқи боздоштшудагони тазоҳуроти маргбори соли 2018 мақомот ба падараш фишор меоварданд ва афроди ношинос ба ӯ таҳдид мекарданд. Мухолифони давлати Илҳом Алиев, кишварҳои ғарбӣ, созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ҳукумати Озарбойҷон пайваста, мунтақидону рақибони сиёсӣ, матбуоти мустақил ва фаъолони ҷомеаи маданиро саркӯб кардааст. Илҳом Алиев, ки баъди фавти падараш дар соли 2003-ум Озарбойҷонро раҳбарӣ дорад, интиқодҳоро беасос номидааст.

XS
SM
MD
LG