Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон киҳо даъват шуданд?


Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, ҳайати дастаро дар бозиҳои моҳи ноябр муқобили тимҳои миллии Малайзия (9-уми ноябр, Куала-Лумпур), Мянмар (14-уми ноябр, Мандалай) ва Қирғизистон (19-уми ноябр, Бишкек) эълон кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар ин бозиҳо 23 бозигар даъват шудааст, ки 7 нафарашон легионер мебошанд.

Баъди танаффуси тӯлонӣ ба ҳайати тими миллии кишвар ҳимоятгари «Нефтехимик»-и Нижнекамски Русия Фарҳод Восиев ва нимҳимоятгари «Бухоро»-и Узбекистон Фатҳулло Фатҳуллоев даъват шуданд.

Ба ғайр аз онҳо, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳимоятгар Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон) ва Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), инчунин ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш) даъват шудаанд.

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳо бо тимҳои миллии Малайзия, Мянмар ва Қирғизистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Фарҳод Восиев («Нефтехимик», Русия), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир (ҳарсе аз «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Умон», Умон), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Фатҳулло Фатҳуллоев («Бухоро», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Кӯктош»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Саиф Спортинг Клуб», Бангладеш), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе бошгоҳ).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар субҳи барвақти чоршанбеи 6-уми ноябр тавассути Дубай ба Куала-Лумпур барои баргузор кардани бозии дӯстона бо мунтахаби Малайзия парвоз мекунад. Ин бозӣ 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил соати 17:45 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Баъди бозии дӯстона бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон аз Куала-Лумпур ба Мандалай сафар менамояд. Бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни тимҳои миллии Мянмар ва Тоҷикистон 14-уми ноябр дар Мандалай, дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium», соати 15:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон барои бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо мунтахаби Қирғизистон озими Бишкек мешавад. Ин бозӣ 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов соати 19:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бар дастаҳои Қирғизистон ва Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда, аз мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0:3 мағлуб гаштааст.

Мунтахаби Ҷопон ба ҷуз аз дастаи Тоҷикистон, дар ду бозии дигар тими Мянмарро бо ҳисоби 2:0 ва мунтахаби Муғулистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст додааст.

Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” мақоми аввалро касб намудааст, довталаби асосӣ барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мебошад.

Дастаҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд.

Мунтахаби Муғулистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Мянмар бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 5-ум

14-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30 бо вақти Душанбе

Мянмар – Тоҷикистон

Мандалай, варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium»

Даври 6-ум

19-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00 бо вақти Душанбе

Қирғизистон Тоҷикистон

Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов

XS
SM
MD
LG