Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеймӣ Флай: Таҳдиду фишор ба журналистон ғайри қобили қабул аст


Ҷеймӣ Флай
Ҷеймӣ Флай

Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ифшои маълумоти шахсии ронандаи бахши украинаии радиоро маҳкум кардааст.

Маълумот дар бораи ронандаи бахши украинии Радиои Озодӣ аз тарафи узви порлумони Украина Андрей Портнов нашр шуд. Вай ҳушдор додааст, ки дар мавриди журналистони дигари ин идора маълумоти ба ин монандро пахш мекунад.

Ҷеймӣ Флай рӯзи 2-юми ноябр дар эъломия гуфт, ин кори ғайриқонунӣ аст ва фишор овардан ба журналистон ба хотири корашон ва таҳдид ба онҳо ғайри қобили қабул мебошад.

Ин ронанда дар барномаи “Схема”-и бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ кор мекунад. Дар ин барнома дар бораи фасоди идорӣ дар Украина баҳс мешавад. Кормандони “Схема” ҳамакнун дар мавриди равобити Андрей Портнов ва теъдоди дигаре аз мақомҳои ҳукуматии Украина гузориш таҳия мекунанд.

Портнов қаблан раиси дафтари президенти собиқи Украина Виктор Янукович буд. Янукович дар моҳи феврали соли 2014 ба Русия фирор кард.

XS
SM
MD
LG