Дар таркиши бомби канори роҳ дар вилояти Тахори Афғонистон дастикам нӯҳ хонандаи мактаб ҷон бохта, чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 1-уми ноябр дар ноҳияи Дарқад рух дод. Мақомот гуфтанд, кӯдакони ҳалокшуда аз 9 то 12 сол доштанд ва субҳ ба мактаб мерафтанд.
Муҳаммадҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии Тахор, рӯзи шанбе ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, чун дар ноҳияи Дарқад Толибон ҳузури густарда доранд ва таҳдиди онҳо дар он ҷо эҳсос мешавад натавонистаанд ҳайатеро фиристанд. Вай ба хабаргузории Фаронса ҳам гуфтааст, ки бомби канори роҳро шӯришиёни Толибон дуруст кардаанд.
Толибон дар ноҳияи Дарқади вилояти Тахор ҳузури густарда доранд, аммо то ба ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.
Созмони Милали Муттаҳид моҳи октябр дар гузорише гуфт, аз моҳи июл то сентябри имсол дар Афғонистон теъдоди бесобиқаи ғайринизомиҳо кушта ва маҷрӯҳ шудаанд ва хушунат дар инҷоро “ғайри қобили қабул” номид.
Дар гузориши 17-уми октябр Созмони Милал гуфт, дар ин муддати кӯтоҳ дар Афғонистон беш аз 1170 нафар кушта ва беш аз 3100 нафар захмӣ шудаанд.
Аз моҳи январ то сентябри имсол ҳалокати беш аз дуним ҳазор ва захмӣ шудани беш аз 5600 ғайринизомӣ дар Афғонистон сабт гардидааст.