Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео аз ҳукумати Ироқ хост, ба гапи мардум гӯш диҳанд


Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, ҳукумати Ироқ бояд тақозоҳои қонунии даҳҳо ҳазор эътирозгарро бишнавад.

Аз замоне ки эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар аввали моҳи октябри имсол дар чанд шаҳри Ироқ оғоз шуд, дастикам 255 нафар кушта шудаанд.

Помпео рӯзи 1-уми ноябр дар баёнияи расмӣ гуфт, кишвараш аз ҳар гуна талоши ҷиддии ҳукумати Ироқ барои расидагӣ ба мушкилоти ҷомеаи ин кишвар истиқбол мекунад. Вай аз ҳамаи тарафҳо хост, ба хушунат роҳ надиҳанд.

Ба қавли Майк Помпео, мардуми Ироқ шоистаи ҳисобдиҳии воқеӣ ва адолат ҳастанд. Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, "таҳиқоқти қаблӣ дар мавриди хушунат дар аввали моҳи октябр аз эътибори кофӣ бархӯрдор нест."

Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти ахири раиси ҷумҳури Ироқ барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шадид ба озодии баёну матбуот бояд боздошта шавад.

XS
SM
MD
LG