Мақомоти Русия гуфтанд, ки як мусофири ҳавопаймои Домодедово-Кӯлобро барои “майдаавбошӣ” аз ҳавопаймо берун карданд.
Рӯзи 1 ноябр вебсайти раёсати нақлиёти вазорати дохилии Русия хабар дод, ки бар асоси шикояти раиси ҳайати халабонҳо як мусофири тоҷики хатсайти Маскав-Кӯлобро аз парвоз боздошта ба ихтиёри полис супурданд. Маълум нест, ки ин ҳодиса кай рух додааст. Дар шарҳи ҳодиса гуфта мешавад, ки як мусофири ҳавопаймо, ки таҳти таъсири машрубот буд, рафтори бад мекарду бо мусофирону роҳбаладони ҳавопаймо ҳарфҳои қабеҳ мегуфт, аз парвоз боздошта шуд. Кормандони полиси нақлиёт омада ӯро ба идораи полиси фурудгоҳи Домодедово бурданд. Исми ин мард нашр намешавад, вале гуфта мешавад, ки ӯ 41-сола ва як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Бо ҳамин сабаб ҳавопаймо бо таъхир ба парвози худ идома додааст.
Додгоҳи шаҳрии Домодедово дар вилояти Маскав ин мардро ба панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.
Имкони санҷидани дурустии ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад.
Русия макони аслии кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик мебошад, ки шуморашон дар ҳудуди як миллион нафар гуфта мешавад.