Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқ Аъзам Турғунов соҳиби ҷоизаи People in Need шуд


Аъзам Турғунов

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи People in Need, ки дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех ҷойгир аст, рӯзи 31-уми октябр ба ҳомии ҳуқуқи узбекистонӣ Аъзам Турғунов ҷоизаи "Таърихи беадолатӣ"-ро тақдим кард.

Ин созмон 15 соли ахир ҷоизаи "Таърихи беадолатӣ"-ро ба касоне тақдим мекунад, ки "аз сӯи ҳукуматҳои худкома таъқиб мешаванд".

Дар изҳороти People in Need гуфта шудааст, ки "ҷоиза ба Аъзам Турғунов ба хотири шуҷоаташ дар баробари низоми худкома дода мешавад".

Аъзам Турғунови 66-сола айни ҳол ба ҳимояи афроде машғул аст, ки аз фаъолиятҳои мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон шикоят доранд.

Аъзам Турғунов яке аз ҳомиёни машҳури ҳуқуқи Узбекистон аст, ки замони президентии Ислом Каримов зиндонӣ шуд ва танҳо баъди марги вай аз зиндон озод гардид.

Турғуновро соли 2008 бо айби "тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон" зиндонӣ карданд ва танҳо баъди 8 сол озод гардид. Созмонҳои байналхалқӣ ӯро "зиндонии сиёсӣ" эътироф карда буданд.

XS
SM
MD
LG