Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти номаълуми курдҳо дар Сурия. ВИДЕО


Замони мотаму сӯгворӣ барои курдҳои Сурия -- онҳо барои қурбониёни ҷангҳои ахир мегирянд. Ёздаҳ ҳазор нафари онҳо дар ҷанг бо ДОИШ кушта шудаанд ва орзуҳои худро ба хок бурданд. Як орзуяшон минтақаи мухторе бо номи Рожава аст.

Абдулвакил, як курдтабори суриягӣ мегӯяд, "Рожава ормони мост. Орзу доштем амн мешавад, шаб дар кӯча хобида метавонем ва дӯконҳоямон ҳамеша боз мемонанд. Ҳоло инҷо амният нест".

Тақрибан як моҳ пеш Амрико ногаҳон гуфт, шимол-шарқи Сурияро тарк мекунад ва бо ҳамин курдҳо як шарики калидиаш дар ҷанг ба зидди ДОИШ-ро танҳо гузошт. Туркия ҳам амалиётро шуруъ кард. Дар ҷангҳо садҳо нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафари дигар беҷо шуданд. Баъди мувофиқа бо Русия, Туркия ҳамлаҳоро қатъ кард.

Мотам ва сарнавишти номаълуми курдҳо дар Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Гулӣ, як беҷошуда аз шаҳри Раъс-ул-Айн мегӯяд, "дар ин ҷои пур аз одам, кӯдакон рӯи замин мехобанд. Фақат ду бистар доранд".

Баъд аз чандин сол ҳукумати Сурия бори аввал аст, ки минтақаи умдатан курднишинро бо кӯмаки Русия муҳофизат мекунанд. Мардум бим доранд, ки озодиашон маҳдуд мешавад, вале аз хатми ҳамлаҳо хушҳоланд.

Хусумат байни курдҳо ва Туркия бисёр амиқ аст. Як афсари амниятии курд мегӯяд, ки онҳо фарзандони ин сарзамин ҳастанд ва то рехтани охирин қатраи хунашон инҷо мемонанд.

Айни замон коршиносон мегӯянд, ки дар миёни бебандуборӣ, ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" нерӯ мегиранд. Сарбозони курд мегӯянд, аз манотиқи зиёде, ки то чанд ҳафта пеш дар даст доштанд, берун шудаанд ва ояндаашон номаълум аст.

XS
SM
MD
LG