Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 5 зархариди рус дар задухӯрдҳои Мозамбик


Дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳонаи неруҳои ҳукуматии Мозамбик бо гуруҳҳои тундрав 5 ҷангҷӯи ширкати низомии русии "Вагнер" кушта шуданд. Дар ин бора расонаи "Carta de Mocambique" бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дод.

Ба иттилои расона, ҳодиса 27 октябр дар вилояти Кабу-Делгаду рух додааст. Гуруҳи тундрави маҳаллӣ ба корвони мошинҳое ҳамла кард, ки дар он зархаридони рус ҳузур доштанд. Дар натиҷа 20 сарбози артиши Мозамбик ва 5 рус ҷон бохтанд.

Ҷасадҳо ба бемористони Муеда интиқол дода шуданд. Русия то ҳол ба кушта шудани низомиёни худ дар Африқо вокуниш нишон надодааст.

Дар шимоли Мозамбик аз соли 2017 ба ин сӯ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гуруҳҳои тундрав задухӯрдҳо идома доранд. Русия ва Мозамбик созишномаи ҳамкориҳои низомиро дар соли 2015 ба имзо расондаанд, вале низомиёни рус расман ба онҷо сафарбар намешаванд.

Carta de Mocambique ибтидои моҳи октябр хабар дод, ки дар ҷараёни ҳамлаи гуруҳи тундрав як ҷангҷӯи "Вагнер" кушта шуд. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба расонаҳо гуфт, ки дар Мозамбик низомиёни рус ҳузур надоранд.

Русия соли 2014 бо беш аз 20 кишвари африқоӣ созишномаи ҳамкориҳои низомиро ба имзо расондааст.

XS
SM
MD
LG