Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири пешини президенти Қирғизистон 7 сол зиндонӣ шуд


Икромҷон Илмиянов, мушовири пешини президенти Қирғизистон имрӯз, 30-юми октябр аз сӯи додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек 7 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки амволи Илмиянов мусодира шавад.

Илмияновро додгоҳ дар "қаллобӣ" айбдор ва ба иловаи зиндон, 2600 доллар ҷарима баст.

Мушовири пешини президент дар додгоҳ гуфт, ки айби вай исбот нашудааст ва биноан аз додгоҳ мехоҳад, "ҳукми одилона" содир кунад.

Икромҷон Илмиянов - яке аз афроди бонуфузи тими президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аст. Вай дар солҳои 2011 то 2017 дар мақомҳои роҳбари дастгоҳ ва мушовири президент фаъолият мекард.

Додситонии кулли Қирғизистон нисбати Илмиянов моҳи сентябри соли 2018 парванда боз кард. Тафтишот мегӯяд, вай замони дар дастгоҳи президент фаъолият кардан аз як соҳибкор барои ҳалли мушкиле 150 ҳазор доллар пора гирифтааст.

Мақомот хабар доданд, ки Илмиянов 19-уми октябри соли 2018 дар Русия боздошт ва ба Бишкек оварда шудааст. Илмиянов гуфт, айбҳоро эътироф намекунад ва ба маҳзи шунидани хабар дар бораи боз шудани парванда, довталабона аз Русия ба Қирғизистон баргаштааст.

XS
SM
MD
LG