Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полисе, ки ҷабрдидаи Самариддин Раҷабов буданро рад кард: "Мехоҳам осуда бихобам"


Боздошти норозиён дар Маскав. 27 июли соли 2019
Боздошти норозиён дар Маскав. 27 июли соли 2019

Маъмури пулис Виталий Максидов, ки гӯиё аз қуттии партофтаи муттаҳами "парвандаи маскавӣ" Самариддин Раҷабов осеб дидааст, аз ҷабрдида будан дар ин парванда даст кашид ва вазифаи худро тарк кард. Максидов дар суҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ сабаби тасмими худро шарҳ дод.

Виталий Максидови 25-сола дар Ҷумҳурии Қабардину Балқар ба дунё омадааст, аммо солҳо инҷониб дар Маскав зиндагӣ мекунад. Ӯ аз 15-солагӣ орзу дошт, ки корманди пулис шавад. Соли 2017 ба кор оғоз намуд ва пас аз чанде ӯро ба маркази таълимӣ фиристоданд. "Моҳи апрели имсол таҳсилро хатм кардам. Каме кор кардам ва ба рухсатии семоҳа рафтам. Аввал фикр мекардам, ки ба мардум ва қонун хидмат хоҳам кард. Хаёлан худро як пулиси одил тасаввур мекардам. Ин ҳама, албатта, орзуи кӯдакӣ буд. Он вақт намедонистам, ки кор дар ниҳодҳои интизомӣ чист", – мегӯяд Максидов.

Тасмими рафтан аз ин пеша ҳанӯз дар давраи рухсатии ӯ гирифта шудааст. Пас аз бозгашт ба Маскав аризаи истеъфо дод, вале мебоист, тибқи қонун 30 рӯзи дигар кор кунад. "Ҳамин тариқ, аллакай дар рӯзи эътирозҳои 27-уми июл кайҳо корманди собиқи пулис будам. Аллакай аризаи истеъфоямро навишта будам", – ба ёд меорад Максидов.

Чаро чунин тасмим гирифтед?

– Чанд сабаб буд, аз ҷумла сабабҳое, ки намехоҳам дар бораи онҳо чизе гӯям. Аммо дар он вақт бисёр паҳлӯҳои кор маро қонеъ намекард. Онҳо ҳатман бо сиёсат ё пароканда кардани гирдиҳамоиҳо пайванд надоштанд. Ман бештар аз ташкили дохилии кор норозӣ будам. То ин вақт дар чорабиниҳои сиёсӣ ширкат надоштам, мо асосан дар консертҳо ва бозиҳои футбол ширкат мекардем. Ҳамон ҷо ҳиссиётам ғализ шуд. Бисёре аз ақидаҳои озодихоҳонаи ман аз қоидаҳое, ки дар ВКД қабул шудаанд, фарқ мекарданд. Барои онҳо пароканда кардани норозиён як навъи кор буд.

Кор дар маъракаҳои эътирозӣ ҳамчун ҷойи нави хидмат замоне ногаҳон дар ҷадвали кор пайдо шуд, ки Максидов аз рухсатӣ багашт. "Он вақт дар Маскав як маъркакаи густардаи ҳимоят аз номзадҳои мустақил сар шуда буд. Ман танҳо дар маъракаи рӯзи 27-уми июл ширкат кардам."

Он гоҳ ба маълумоти "ОВД-Инфо", 1373 нафар боздошт шуданд ва зиддашон парвандаи ҷиноии марбут ба бетартибиҳои оммавӣ ва зӯроварӣ нисбати намояндагони давлат боз шуд.

"Ин аввалин маъракае буд, ман дар он ширкат кардам ва одамонро боздошт менамудам. Ҳиссиёти аҷибу ғарибе доштам. Ман онҳоеро худ дарк мекардам, ки ба майдон баромадаанд, вале аз сӯйи дигар нақши тамоман дигаре доштам. Ба мо ҳеч гуна дастурҳои хосе пеш аз оғози кор надоданд. Яъне фармони "сахттар задани эътирозгарон" дақиқан вуҷуд надошт. Вале боз ҳам худро хеле бад ҳис мекардам, зеро аслан намехостам, дар чунин коре ширкат дошта бошам. Вале сарпечӣ ҳам карда наметавонистам", – мегӯяд Максидов.

Аз он маърака чӣ чизҳое дар ёди Шумо монд?

– Мо соати ҳашти субҳ сари кор омадем. Аввал дар назди Театри Калон истода будем. Баъд ба мо амр шуд, ки ба хиёбони Тверская равем. Ҳамон ҷо занозаниҳо сар шуд. Аввалин бархӯрди пулис ва эътирозгарон. Фармон буд, ки одамонро гузаштан намонем. Ман аз кори худ фахр мекунам, зеро бо вуҷуди он ки дар як маъракаи чанҷолӣ кор мекардам, ягон бор калтакро набардоштам ва нисбати ягон кас зӯроварӣ накардам."

Баъди чанд ҳафтаи тазоҳурот ба Максидов ва шариконаш видеоеро нишон доданд. Дар он дида мешуд, ки касе аз байни издиҳом қуттии пластикиро ба тарафи полисҳо ҳавола медиҳад. "Ба мо гуфтанд, худамонро дар ин навор бишиносем. Ман, албатта, худро шинохтам. Аввал ман нафаҳмидам, ки мақсад чист. Баъд маълум шуд, ки мехоҳанд зидди партобкунандаи қуттӣ парвандаи ҷиноӣ кушоянд. Ман бисёр ҳайрон шудам, ки ин ҷавонакро барои чӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд, дар бадтарин ҳолат, масъала фақат авбошист, на бештар аз ин," -- мегӯяд пулиси пешин.

Аввал ба ӯ гуфтанд, ки дар ин парванда ҳамчун шоҳид ба додгоҳ меравӣ. Дар баёноти худ Максидов тасдиқ мекард, ки надид, қуттиро кӣ партофт, он ба кӣ зад ва аслан чӣ шуд. Ягона чизе, ки дақиқ дар хотир дорад, ин садои чизест, ки афтод, садои қуттии пластикӣ, ки дар наздикияш афтод. Баъд аз як моҳ ба Максидов хабар доданд, ки ҳамчун ҷабрдида дар додгоҳ сухан кунад.

– Вокуниши нахустини Шумо чӣ буд? Оё дарҳол донистед, ки худро ҷабрдида нишон нахоҳед дод?

– Ман боз ҳам ҳайратзада шудам. Охир, ман ҳеч чиро надида будам, чӣ хел маро ҷабрдида мебароранд? Ба ман ҳеч кас фишоре наоварда буд, ман худам хостам, ки дар муҳокима ширкат кунам ва гӯям, ки чӣ буду чӣ набуд ва чизеро, ки намедонам, нагӯям. Ҳамин чиро ман ба ҳамкоронам, ҳанӯз пеш аз мурофиаи якум гуфта будам. Вақте ки маро ҳамчун шоҳид ба додгоҳ даъват карданд. Ман мегуфтам, ки агар ҳатто муфаттиш фишор ҳам оварад, чизеро мегӯям, ки медонам. Ҳамааш хуб гузашт, ҳеч кас маҷбур накард, ки баёноти дурӯғ диҳам. Ман ҳамон вақт аллакай медонистам, ки ҳамкоронам ҳам гуфтаанд, надидаанд, ки қуттиро кӣ партофт ва ба кадом тараф. Чаро онҳо баъдан ризо шуданд, ки ҷабрдида бошанд, намедонам. Шояд метарсанд, ки корашонро аз даст медиҳанд? Вале ин ҷо муҳим буд, ки кас ба виҷдони худаш ҳисобот диҳад: чӣ муҳимтар аст -- кор ё хоби осуда? Ман хобро интихоб кардам. Ҳамзамон фикр мекунам, агар аризаи истеъфо наменавиштам, метавонистам, корамро давом диҳам. Барои ман муҳим буд, худро ҷабрдида эътироф накунам ва зидди видонам наравам. Агар ин мумкин мебуд, бо ҳифзи ҷойи корам, мумкин мемондам.

Тазоҳуроти 27 июл дар Маскав
Тазоҳуроти 27 июл дар Маскав

Максидов акнун чӣ кореро дар пеш мегирад, намегӯяд, вале муътақид аст, ки дигар ҳаёти худро бо ниҳодҳои интизомӣ пайванд нахоҳад дод.

Сергей Бадамшин, вакили дифои Самариддин Раҷабов мегӯяд, раддия ва истеъфои Максидов ба ҷараёни муҳокимаи шахи зери ҳимояи ӯ таъсире нахоҳад дошт. Сабаб дар он аст, ки дар парванда боз се пулиси мемонанд, ки худро ҷабрдида эълон кардаанд.

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 16-уми октябр ҳукми то моҳи декабри имсол дар ҳабс мондани Самариддин Раҷабов, зодаи Тоҷикистонро бетағйир монд. Вай дар ҷараёни эътирозҳои тобистони имсол дар

Самариддин Раҷабов дар додгоҳ
Самариддин Раҷабов дар додгоҳ

пойтахти Русия дастгир шуд ва ба "таҳдиди истифода аз зӯр" муттаҳам аст.

Аммо ташхис нишон додааст, ки қуттии холии пластикӣ, ки гуфта мешавад, Раҷабов ба тарафи пулис ҳаво додааст, ба ягон корманди ВКД нарасидааст. Бо вуҷуди ин додгоҳ ҳукмро бетағйир монд. Аммо айбномаро аз зӯроварӣ ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ зидди намояндагони давлат дигар кард.

XS
SM
MD
LG