Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ронандае, ки нозири роҳро рӯи мошин кашонда буд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Узбекистон ронандае боздошт шуд, ки нозири роҳро рӯи мошин кашонда буд

Дар вилояти Сурхандарёи Узбекистон ронандае боздошт шуд, ки нозири роҳро рӯи мошин кашонд ва ба вай зарари ҷисмонӣ расонд. Дар ин бора аз Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.

Рӯзи 28 октябр марди соли таваллудаш 1984 дар маҳаллаи "Уланқул"-и ноҳияи Узуни вилояти Сурхандарё ба талаби қонунии нозири роҳ итоат накарда, ӯро 10 метр рӯи мошинаш кашондааст.

Ба иттилои Додситонии кул, нисбати ронанда дар асоси моддаи "Муқобила ба намояндаи ҳукумат" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG