Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Kyrgyztoday" вазифадор шуд, ба раиси пешини порлумон ҷуброн пардозад


Додгоҳи ноҳияи Якуми шаҳри Бишкек баҳси раиси пешини порлумони Қирғизистон Аҳмадбек Келдибековро бо сомонаи Kyrgyztoday.kg ба нафъи сиёсатмадор ҳал кард. Расона вазифадор шуд, ки матлаби баҳсбарангезро пок карда, ба Келдибеков 30 ҳазор сом (ҳудуди 430 доллар) ҷуброн пардозад.

Келдибеков моҳи декабри соли 2018 аз болои сомонаи мазкур ба додгоҳ шикоят бурда буд. Ба гуфтаи молики сомона Бегалӣ Наргозуев, раиси пешини порлумони Қирғизистон баъзе аз иттилои матлаби онҳоро рад карда, 1 млн сом ҷуброн хостааст.

"Талаб дорад, ки ба матлабҳои "Дар фасодкорӣ айбдор шудани Аҳмадбек Келдибеков" ва "Вақте Аҳмадбек Келдибековро бо гумони фасодкорӣ боздошт карданд" раддия нависед ва ҳамчунин 1 миллион сом ҷуброн хостааст. Мо ин корро фишор ба озодии баён медонем. Мо ба додгоҳ хулосаи худро низ пешниҳод мекунем. Ӯро мо "фасодкор" наномидаем. Мо навиштем, ки вайро ба фасодкорӣ айбдор мекунанд. Ҳама медонанд, ки зидди Аҳмадбек Келдибеков бо ҷурми фасодкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд", - афзуд Наргозуев.

Аҳмадбек Келдибеков моҳи октябри соли 2018 низ дар баҳси додгоҳӣ бо сармуҳаррири нашрияи "Азия Нюс" Асланбек Сартбоев пирӯз шуда буд. Додгоҳ сармуҳаррирро ба пардохти 2 млн сом вазифадор кард.

Раиси пешини порлумони Қирғизистон, ки бо ҷурми фасодкорӣ аз озодӣ маҳрум шуда буд, 8 ноябри соли 2016 ба давлат 10 миллион сом пардохт кард. Доғи судии ӯ як сол пас аз пардохти ҷарима бекор гашт.

XS
SM
MD
LG