Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон роҷеъ ба аломатгузории марзӣ гуфтугӯ карданд


Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар Душанбе мулоқот намуда, роҷеъ ба масоили қонунии аломатгузории марзӣ миёни ду кишвар гуфтугӯ намуданд. Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар додаанд.

Тайи музокирот, тарафҳо роҷеъ ба пешнависи санадҳои назоратӣ ва фаннӣ дар мавриди мушаххас кардани марзи давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба созиш расиданд.

Ҳамчунин мувофиқатнома барои муаррифии санадҳои зикршуда барои тасвиби Комиссияи муштараки тақсимбандӣ, ҳосил шуд. Дар пайи он, протоколи ҷаласа имзо шуд. Бар асоси ин созишнома, нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки аломатгузории марзҳо дар Узбекистон баргузор мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, тӯли марзи миёни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 1400 километр аст.

XS
SM
MD
LG