Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз сафари ҳайати Толибон ба Чин


Як маркази таҳқиқотии Австралия мегӯяд, ҳайате аз гурӯҳи Толибон барои ширкат дар музокироти байнулафғонӣ дар рӯзи 28-уми октябр, ба Чин сафар кардааст. Созмони Форин Бриф, гуфт, ки созиши оташбас ва имкони поён додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон дар ин музокирот баррасӣ мешавад. Дар музокирот чеҳраҳо ва сиёсатмадорони шинохтаи афғон ширкат мекардаанд.

Айни музокироти Амрико бо Толибон, ки як сол идома кард, моҳи гузашта қатъ шуд, чун Доналд Трамп гуфт, ки ин музокирот "мурдааст". Суҳайл Шоҳин, яке аз сухангӯёни Толибон дар гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "Чин ҳайатеро барои ширкат дар муколамаи байнулафғонӣ даъват кардааст".

Дар баробари Амрико, Чину Покистону Русия ҳам кӯшиш доштанд, тарафҳои муноқиша дар Афғонистон ба ҳам оварда ва оштӣ бидиҳанд. Намояндагони Амрикову Покистон ва Чину Русия рӯзи 25-уми октябр дар Маскав ҷамъ омада ва аз ҷумла дар бораи аз сар гирифтани музокироти мустақими Амрико бо Толибон гуфтугӯ карданд.

XS
SM
MD
LG