Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 30 қазоқистонӣ барои эътироз зидди Чин боздошт шуданд


Вазорати умури дохилии Қазоқистон мегӯяд, дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато 26 нафарро боздошт кард. Ин афрод зидди тавсеаталабии Пекин тазоҳурот карда, озодии маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон ва ҳимояти ҳуқуқи қазоқтаборонеро ҳам талаб намуданд, ки дар Чин таъқиб мешаванд. Дар шаҳрҳои Чимкент ва Оқтеппаи Қазоқистон низ чандин нафарро дастгир кардаанд.

Кормандони пулиси шаҳри Нурсултон дар назди кохи "Остона" чандин касро боздошт карда, бо автобус ба самти номаълум бурданд. Чандин боздоштшудаи дигар низ ба воситаи мошини пулис интиқол ёфтанд. Яке аз боздоштшудаҳо гуфт, ба хотири ибрози назари худ ба маркази шаҳр рафта буд, вале ҳанӯз сухане нагуфта дастгир шуд.

Ба иттилои хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, майдони марказии шаҳрро баста буданд ва кормандони пулис дар Алмато ҳам чандин нафарро боздошт карданд.

"Ман бо тавсеаталабии Чин розӣ нестам", - гуфт яке аз эътирозгарон, ки навиштаеро аз Конститутсияи Қазоқистон дар даст дошт. Ӯ афзуд, ки бар асоси Конститутсияи Қазоқистон ҳақ дорад интихоб кунад ё интихоб шавад, вале ба гуфтаи ӯ, интихоботи воқеӣ дар Қазоқистон нест.

"Аз беқонуниҳои чинӣ шаҳрвандонамон фирор карда ба назди мо меоянд, вале давлат онҳоро ҳимоят намекунад",-изҳор дошт яке аз эътирозгарон. Зани боздоштшудае низ гуфт, зидди тавсеаталабии Чин аст ва талаб дорад, ки маҳбусони сиёсиро озод кунанд.

Муовини аввали сардори пулиси шаҳри Нурсултон Боқидҷон Малибоев гуфт, зертобеони ӯ барои он дар назди кохи "Остона" буданд, ки ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ба раҳбарии мухолиф Мухтор Аблязов сокинонро ба онҷо даъват карда буд.

XS
SM
MD
LG