Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандае, ки дар мошинааш 39 ҷасад ёфтанд, ба қатл муттаҳам шуд


Пулиси Бритониё гуфт, ронандае, ки дар мошини боркаши ӯ 39 ҷасад ёфтанд, ба қатл ва қочоқи инсон муттаҳам аст.

Морис Робинсони 25-сола аз Ирландия рӯзи 25-уми октябр дастгир шуд. Ӯро ба 39 ҳолати қатл, қочоқи инсон ва пулшӯиву талоши муҳоҷирати ғайриқонӯнӣ гумонбар медонанд.

Пулиси Бритониё мошини боркашеро, ки аз Белгия ба он кишвар рафта буд ва дар дохилаш 39 ҷасад дошт, дар паҳлӯи дарёи Темз ёфтанд.

Ба қавли пулис, Морис Робинсон рӯзи душанбеи 28-уми октябр дар додгоҳ ҳозир мешавад.

Дар оғоз гумон мерафт, ки ҳамаи ҷасадҳои ёфтшуда чинӣ ҳастанд, аммо ҳоло гуфта мешавад, дар байни онҳо баъзе аз шаҳрвандони Ветнам низ будаанд.

XS
SM
MD
LG